Get Mystery Box with random crypto!

ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸

Telegram kanalining logotibi zanonisoleha — ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸
Telegram kanalining logotibi zanonisoleha — ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸
Kanal manzili: @zanonisoleha
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.25K

Ratings & Reviews

2.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

1


Oxirgi xabar

2023-04-21 01:39:11 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва Борокотуҳ Шуморо бо Иди Рамазон Табрик мегуям
Аллоҳ таоло Хамаи Гуноҳои Моро Бибахшад.

Иди Рᴀʍᴀɜᴏн бᴀᴩ ᴛу ʍубᴏᴩᴀᴋ, бᴏɯᴀд,
Хᴀʍᴩᴏхи ᴛу Ёᴄину Тᴀбᴏᴩᴀᴋ бᴏɯᴀд.
Дᴀᴩ ᴀʙчи ɸᴀᴧᴀᴋ ɸᴀᴩиɯᴛᴀхᴏ ʍᴇхᴏнᴀнд
Сᴀд ᴩᴀхʍᴀᴛи хᴀᴋ бᴀ уʍʍᴀᴛᴏнᴀᴛ бᴏɯᴀд
Иди Рᴀʍᴀɜᴏн чи ᴨуᴩᴀᴛᴏ ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд
Ин уʍᴩ ᴀчᴀб бᴀ ᴄᴀд чᴀɸᴏ ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд

Хун ᴦиᴩя ᴋунᴇд ᴀɜ ᴩᴀɸᴛᴀни ʍᴏхи ᴩᴀʍᴀɜᴏн
Тᴀᴄбᴇху ᴛᴀᴩᴏбᴇху ᴄᴀʙᴏб ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд.

Ид Муборак
355 views🆂︎🆃︎🆄︎🅳︎🅴︎🅽︎🆃︎, 22:39
Ochish/sharhlash
2023-04-17 19:53:17
Имкон дорад имрӯз яке аз рузхои тоқи даҳаи охири моҳи Шарифи Рамазон бошад яъне шаби 27-ум шаби Қадр!
Ҳар чи қадаре метавонед намоз хонед, Қуръон тиловат кунед, тоату ибодат кунед!
Ва ин дуои дар расм бударо бисёр замзама кунед. Аз Аллоҳи меҳрубон мағфират талаб кунед!
430 viewsСабр..., edited  16:53
Ochish/sharhlash
2023-04-17 19:52:57 Баъзе бидъатҳо дар шаби Қадр

• Эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки то охираш хонед.

• Аллоҳ таъоло мефармояд:

"..... الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا ....."

".... Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр кардам. ..."

Сураи Моида ояти 3

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд:

«Касе, ки дар ин амр (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, мардуд (рад) аст».

Риёзус солиҳин, боби 18, ҳадиси 169

Аз Абунаҷиҳ Ирбоз ибни Сория (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

".......  бар шумо бод, ки аз корҳои бидъат дурӣ кунед, зеро ҳар кори навпайдо гумроҳӣ дар пой дорад.".

Риёзус солиҳин, боби 16, ҳадиси 157

• Дар шариати мо, дар шаби Қадр ягон намози муайян ёки ягон ракати муъайн нест. Инчунин баъзе тантанаҳо низ бе асосу-далел аст.
Баъзеҳо мегӯянд: "Дар шаби Қадр бояд 100 ракат намоз хонӣ, дар ҳар як ракаташ баъд аз сураи Фотиҳа фалон сураро 10 бор, фалониашро 13 бор хондан даркор". (Масалан, супаҳои Кавсар, Ихлос ва Қадрро). Ин суханонашон бе асосу далел буда, бидъат аст.

Дар шаби қадр намози муайян ё ракати муайян ё ки сураи муайянеро чанд бор хондан (масалан, баъзеҳо сураи Ихлосро чанд бор хонед мегӯянд ё Қадрро) чунин гап нест.

• Ба ҷои ин бидъатҳо суннатҳои шаби Қадрро ба тарзи баён шудааш иҷро кунем:

• Суннат аст дар шаби Қадр:

Эътикоф нишастан, дуо кардан, намоз хондан бе ракати муайян (ҳар қадаре тавонед, хонед), зикр кардан, Қуръон хондан. Бо чунин тоату-ибодатҳо шаби Қадрро гузарондан лозим аст.

Тартиби намоз хондан:

• Дар шаби Қадр ба мисли намози Таҳаҷҷуд ду ракаатӣ, ду ракаатӣ намоз хонда мешавад. Ягон сураи муайян надорад. Кадом сураеро донед, аз рӯи тартиб хонед, ҷоиз аст. Ракаати муайян ҳам надорад. Чанд ракаате тавонед, хонед, ҷоиз аст.

Аллоҳ таъоло ҳамаи моро аз бидъатҳо нигаҳ дорад. Дар шаби Қадр дар ҳаққи бандагони мусалмони саросари дунё, инчунин онҳое, ки дар ҳар гӯшаи дунё зери зулми душманони исломанд, дуоро фаромӯш накунед.

• Ин маълумотҳоро ба ҳама расонед, то огоҳ бошанд

• Вассаламу Алейкум ва Раҳматуллоҳи ва Баракатуҳу •


  ࿅•┈┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈┈•࿅
455 viewsСабр..., 16:52
Ochish/sharhlash
2023-04-13 02:49:51
540 views🆂︎🆃︎🆄︎🅳︎🅴︎🅽︎🆃︎, 23:49
Ochish/sharhlash
2023-04-09 17:23:06
То охир бинед
385 views🆂︎🆃︎🆄︎🅳︎🅴︎🅽︎🆃︎, edited  14:23
Ochish/sharhlash
2023-04-08 19:26:05
Пеш аз оне ки мегӯянд дар замони мо ҳеҷ зани солеҳа вуҷуд надорад...
#Мо_хохем_гуфт

То охир бинед!
488 viewsСабр..., edited  16:26
Ochish/sharhlash
2023-04-08 16:42:53
#ЧАВОБИ_САВОЛИ_ОБУНАЧИ

Оё ҳиҷома (табобат бо роҳи хунгирӣ) рӯзаро мешиканад ё не?

• Тарҷумаи ҷавоби дар навор овардашуд:

"Оиди ин савол миёни уламо гуногунфикрӣ мавҷуд аст, ки оё ҳиҷома рӯзаро мешиканад (вайрон месозад) ё не.
Аксарияти (бештари) уламо гуфтаанд, ки ҳиҷома рӯзаро намешиканад. Зеро ривоят шудааст:

"Расулуллоҳ ﷺ ҳангоми рӯзадориаш ҳиҷома карда буд" - Дар Саҳеҳи Бухорӣ.

• Имом Аҳмад ва мазҳаби ӯ бар он қавланд, ки ҳиҷома рӯзаро мешиканад. Ва асос ба ин қавлашонро такя бар ҳадиси зерин мекунанд: - "Касе, ки ҳиҷома кард ва касе, ки ба ӯ ҳиҷома карданд, ҳарду рӯзаашонро шикастанд"
- Ва бештар дурусттар аст, ки ин ҳадис ҳадиси радшуда ё ҳадиси заиф аст.

• Ва дуруст ин аст, ки ҳиҷома рӯзаро вайрон намесозад, яъне намешиканад ва ин қавли бисёре аз уламо аст.

    ࿅•┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈•࿅
  ۞
#Сабри_Зебо ۞
    ࿅•┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈•࿅
474 viewsСабр..., 13:42
Ochish/sharhlash
2023-04-08 16:34:41 #ҶАВОБИ_САВОЛИ_ОБУНАЧИ

Ман Хати арабиро Хонда метавонам , вале тачвидро намедонам. Оё Курьонро бо ин Хол Хонда метавонам ё не ?

Барои ирсоли савол
Комент
430 views🆂︎🆃︎🆄︎🅳︎🅴︎🅽︎🆃︎, edited  13:34
Ochish/sharhlash
2023-04-07 18:57:49 ҲАДИСИ РАМАЗОНӢ - [20]

عَنْ عَائشَةَ رَضي اللَّه عنها زَوْجِ النَّبِيِّ ﷺ أَنَّ حَمْزَةَ بْنَ عَمْرٍو الأَسْلَمِيَّ قَالَ لِلنَّبِيِّ ﷺ : أَأَصُومُ فِي السَّفَرِ؟ وَكَانَ كَثِيرَ الصِّيَامِ فَقَالَ: «إِنْ شِئْتَ فَصُمْ وَإِنْ شِئْتَ فَأَفْطِرْ» رواه البخاري (1943)

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ҳамсари Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ривоят аст, ки мегӯяд: «Ҳамза ибни Амри Асламӣ зиёд рӯза мегирифт, аз Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, пурсид: Оё дар сафар рӯза бигирам? Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармуданд: Агар хости рӯза бигир ва агар нахости нагир» Имом Бухорӣ (1943) кардааст.
513 viewsСабр..., 15:57
Ochish/sharhlash
2023-04-06 19:30:36 Ҳукми бе таҳорат намоз хондан :

Ба мо Савол кардаанд, ки шахсе бидуни таҳорат намоз хонад чи мешавад? Ва ё либосаш бенамоз бошаду намоз хонад чи?

Ҷавоб:

Аввалан:
Ҳеҷ шакке нест, ки таҳорат калиди намоз ҳаст ва намоз бидуни таҳорат (ё худ вузӯъ) саҳеҳ намешавад.

Чуноне ки Расули Худо ﷺ мефармоянд:

لا تُقبلُ صلاةٌ بغيرِ طُهور.

«Намоз бидуни таҳорат қабул намешавад».

(саҳеҳ муслим №224 сунани тирмизӣ №1 ).

Дар ривояти дигаре омадааст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

«لاَ تُقْبَلُ صَلاَةُ مَنْ أَحْدَثَ حَتَّى يَتَوَضَّأَ».

«Намози касе ки таҳораташ шиканад қабул намешавад то инки (аз нав) вузӯъ гирад».

(Саҳеҳ бухорӣ №135 ).

Сониян:
Шахсе бидуни вузӯъ намоз мехонад ё ҳамроҳ бо либосҳои бенамозаш намоз мехонад дар ҳукми чунин шахс уламо ихтилофи назар доранд инҷо чанд қавле аз уламои мазҳаби худ-ҳанафи-ро зикр мекунем:

Аллома Алӣ Қорӣ дар ин масъала чанд қавлеро зикр кардааст аз ҷумла гуфааст:

وفي الفتاوى الصغرى والجواهر: ومن صلى مع الإمام بجماعة بغير طهارة عمدا كفر.

Ва дар фатовои суғро ва ҷавоҳир омадааст: "Ва шахсе қасдан бе таҳорат ҳамроҳи имом бо ҷамоъат намоз хонад кофир мешавад.

Баъд аз нақли ин қавл Алӣ Қорӣ назари худро баён карда чунин гуфтааст:

ثم الصلاة بغير طهارة معصية، فلا ينبغي أن يقال بكفره إلا إذا استحلها.

Намоз (хондан) бе таҳорат гуноҳ ҳаст пас сазовор нест ки (шахсе бе таҳорат намоз хонад) кофираш гуфта шавад магар замоне(кофир мешавад ки) намоз хондан бе таҳоратро ҳалол донад.

(Шарҳи Фиқҳи акбар саҳ:468 ).

Аллома Ибни Обидин баъд аз баён кардани ҳукми масъалае, ки шахсе пояшро болои қуръон гузорад гуфтааст:

وَيَدُلُّ عَلَى ذَلِكَ قَوْلُ مَنْ قَالَ يَكْفُرُ مَنْ صَلَّى بِلَا طَهَارَةٍ أَوْ لِغَيْرِ الْقِبْلَةِ لِأَنَّهُ اسْتِهَانَةٌ فليتَأَمَّلْ...

Ва далолат мекунад бар ин қавли шахсеро ки мегӯяд: кофир мешавад шахсе ки бе таҳорат намоз хонад ё ба сӯи ғайри қибла намоз хонад, зеро ин (бе таҳорат намоз хондан) паст ва ночиз шуморидани намоз ҳаст пас тааммул кун.

(Ҳошияи ибни обидин 3/719 ).

Аллома бадриддини Айнии Ҳанафӣ мегӯяд:

فلو صلى محدثاً متعمداً بلا عذرأثم ولا يكفر.

Пас агар бе таҳорат қасдан бе узр намоз хонад гунаҳкор шудааст ва кофир намешавад.

(Шарҳи сунани Абудовуд аз бадриддини айнӣ ҷ1 саҳ:184 ).

Чигунае ки мебинем дар ҳукми шахсе ки бе таҳорат намоз мехонад уламо қавлҳои гуногун доранд.

Ва як қавле аз Имом Абуҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) нақл шудааст ки шахсе бе таҳорат намоз хонад ё бо либоси бенамоз намоз хонад кофир мешавад, зеро ин тавҳин ва паст шуморидани фарзи илоҳӣ ҳаст ва Имом Абулайси Самарқанӣ низ ба ҳамин қавл фатво додааст.

Аммо Алӣ Қорӣ ин қавлро шарҳ дода гуфтааст:

يعني مع القدرة على الثوب الطاهر، كفر، يعني إذا استحلها وإلا فلا شك أنها معصية،

Яъне (агар бо либоси бенамоз намоз хонад) дар ҳоле ки қодир бар либоси покиза ҳаст кофир мешавад яъне агар ҳалол шуморад онро ва аммо (агар ҳалол нашуморад) пас шакке нест ки ин (бе таҳорат ва бо либоси бенамоз намоз хондан) гуноҳ ҳаст.

(Шарҳи Фиқҳи акбар саҳ:369) .
589 views🆂︎🆃︎🆄︎🅳︎🅴︎🅽︎🆃︎, edited  16:30
Ochish/sharhlash