Get Mystery Box with random crypto!

بسم الله الرحمن الرحیم: Ғамгин мабош хоҳарам!! Аллоҳ Таъала | ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸

بسم الله الرحمن الرحیم:

Ғамгин мабош хоҳарам!!

Аллоҳ Таъала мефармояд:

"Пас, ҳар ки ба миқдори мӯрча амали хайр карда бошад, ҷазои онро дар пешаш ҳозир мебинад."
                       ( сураи "зилзол": 7)

Хоҳари муваҳҳидаи ман!!

Аллоҳ аст, ки ба зара- зарраи
амалҳои ночизе, ки ба хотираш анҷом медиҳи мукофот хоҳад дод.

Инро фаромӯш масоз ва ба хотири муҳаббати зиндагонии ин дунё аз муҳаббати Аллоҳи Раҳиму Раҳмон магӯзар.

Он Аллоҳи меҳрубоне, ки меҳрубонияш муҳаббаташ ҳадду канор надорад.

Паёмбари Аллоҳ  صلی الله علیه و صالم мефармоянд:
" дар ҳақиқат Аллоҳ барои бандагонаш меҳрубонтар аз модар нисбати фарзандаш мебошад."

Ин меҳрубонӣ ва муҳаббати Аллоҳ аст, ки инсонро арзишманд ва боиззат мегардонад.
Эй он хоҳароне, ки дарду ранҷи зиндаги шуморо пир ва афсурда сохта ва қалбатонро тангу торик гардонида аст.

Биёед ба сӯи муҳаббати Аллоҳ роҳи Тавҳид, ки наҷоти шумо дар Тавҳид аст.

Аллоҳ таъала мефармояд:

" Рузе, ки на молу на фарзандон нафъ ( кумаку ёри ) надиҳанд, магар касе, ки бо қалби солим назди Аллоҳ биёяд."

Ибни Аббос  رحمه الله гуфт:
" қалби солим гувоҳӣ медиҳад ба " لا اله الا الله" нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ"

Иззат ва арзиши шумо дар омухтан ва амалу эътиқод кардан бар Тавҳид аст, ва ин калимаи Тавҳид аст, ки қалби соҳибашро васеъу муншареҳ мегардонад ва тамоми ғамҳо ва машақатҳоро осон менамояд.

Аллоҳ Таъала мефармояд:

" Пас ҳар киро Аллоҳ бихоҳад ҳидоят кунад, қалбашро ба Ислом мекушояд."
                ( Ал- Анъом: 125)

Эй хоҳарам! оё ин ҳама неъматро мо бо чизҳое, ки моро наҷот дода наметавонад иваз хоҳем кард ва аз ин роҳи бузург роҳи Тавҳид дурӣ хоҳем намуд ва муҳаббати Аллоҳро рад хоҳем кард....
Ин Тавҳид аст, ки мову шуморо наҷот хоҳад дод калимаи Тавҳид 
                                            " لا  اله الا الله"
" нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ"

Оё ин калимаи Тавҳид арзишмантарин ва бузургтарин калимае нест.
Ки ба хотираш замину осмонҳо ва ҳамаи мавҷудот халқ карда шудааст. Ба хотири ҳамин калима Аллоҳ китобҳояшро халқ кард ва ҳазорон Расулонашро ба суйӣ инсонҳо фиристод, то ин Калимаи Бузургро бидонанд ва бифаҳманд ва ягона Аллоҳро ибодат намуда аз ширку мушрикин дур бошанд.

Хоҳари муваҳҳидаи ман!!
Оё чизе бузургтар аз ин Калима ҳаст?
Хоҳарам ин роҳи Тавҳид ин Калимаи бузургро интихоб намо, то туро ба хушбахтии зиндагии абади бирасонад.
Он зиндагие, ки ҳаргиз гусаста (канда) нахоҳад шуд, ки ин Ҷаннат аст барои касоне, ки роҳи Тавҳидро ихтиёр намуданду ва истиқомат дар ин роҳ доштанд.

Аллоҳ Таъала мефармояд:
" Ва растании замини покиза ба сурати комил ва зебо бо иҷозаи Роббаш Аллоҳ мерӯяд. Мӯъмин низ монанди ҳамин аст. Насиҳатро гӯш мекунад, истифода мебарад ва аз он кори нек ҳосил мегардад. Ва замини шураи беҳосил растаниаш танҳо бо душворӣ мерӯяд ва дар он ҳеҷ хайре дида намешавад. Сифати кофир ҳамин гуна аст. Аз насиҳат манфиъат намебарад ва аз он амали нек ҳосил намешавад, ки мавриди фойда қарор гирад. Мо далелҳоямонро ҳамин тавр бо мақсади исботи ҳақ ба суратҳои гуногун барои қавме баён мекунем, ки аз неъматҳои Мо сипосгузор буда, куфр намеварзанд ва итоат мекунанд."   ( Аъроф: 58)

Хоҳарони азиз ва муваҳҳидаи ман!!

Бояд мо қалбамонро бо Тавҳид ихтиёр кардани ин Калимаи бузург пок ва васеъву мутмаъин  гардонем, қалбҳоямонро пок созем, чун вақте пайгоми осмони ба дилҳои пок мерезад, онро қабул ва дарк мекунанд ва дар асоси асли пок ва унсури нек доштанаш мерӯяд.

Аммо дилҳои нопок баракс ҳаст....

Аллоҳ Таъала мефармояд:

" Бешак, ҳар ки аз ширку маъсият пок шавад, растагор гашта, ба муроди хеш мерасад."
                    ( Аъло: 14)

Эй хоҳари муваҳҳидаи ман роҳи Тавҳидро интихоб намо то ба муродат бирасӣ!
Ҳамин Тавҳид аст, ки ману туро ба мақсад, муродамон хоҳад расонд.

Эй хоҳарам ғамгин мабош!!
Ҳама ороми ва осони ва хушбахти ва содатманди дар ҳамин роҳи Тавҳид аст.
Тавҳид дар ин дунё туро боарзиш ва боиззат мегардонад ва дар охират низ туро наҷот хоҳад дод.
Калимаи Тавҳид соҳибашро наҷот хоҳад дод ва сабаби дохил шуданаш ба Ҷаннат хоҳад шуд..
  ИншаАллоҳ