Get Mystery Box with random crypto!

ЁДРАСЕ —— Дӯстони гиромӣ! Агар аз Туркия (масалан) барои хо | ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸

ЁДРАСЕ
——
Дӯстони гиромӣ!

Агар аз Туркия (масалан) барои хонамон чароғу барои мошинамон матоъе лозим мешуд, ошное онҷо пайдо карда бо ҳар роҳу василае чизи лозимии худро дастрас менамудем. Аммо ҳоло худро фиреб дода мегӯем, чигуна ёрӣ расонам, ки миёни ману Туркия ин ҳама масофа аст.

Баъди эълони қабули кумакҳо аз ҷониби сафоратҳо ва созмонҳои хайриявии дохиливу хориҷӣ, фикр кунам узре барои мо боқӣ намонда бошад.

Дуруст аст, ки Туркия кишвари аз ҷиҳати молӣ ва техники тавоно аст.
Дуруст, ки аз Амрико то Қатару Чин кумакҳо расонидаанд, вале нақши ману Шумо ҳамчун фарде аз уммати бузург, узве аз пайкари мусалмонӣ куҷост?!

Ва агар рафту чунон зиёд ёрӣ расонидем, ки кумаки мо аз Туркия зиёдатӣ кунад, ба бонки Свисро намераваду хазина намешавад, балки ба ҳамсояаашон, ки вазъ онҷо мудҳиштар аст, меравад.

Ҳатто айни ҳол Туркия баъзе аз дарду ранҷи худро гузошта дар шимоли Сурия машғули наҷоти мардум аст.

Дӯстони гиромӣ.
Ба ҳақиқат, ҳолат бадтар аз онест, ки дар расонаҳо дида мешавад. (((

Туркия кишварест, ки ҳамеша аз Фаластину Сумол, то Афғонистону Кашмир ба ҳар заифу муҳтоҷ дасти ёри дароз карда аст, ҳоло аз боби вафодорӣ ин аст, ки ҳатто бо як сомонӣ ҳам бошад қарзи имонии худро адо намоем.

Худ бетараф набошем ва низ дигар дӯстонамонро ба кори нек далолат намоем.

Ӯ Таъоло фармуда:

فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ

“Ҳар ки ба андозаи заррае кори нек кунад, (подоши) онро (дар рӯзи ҳисоб) мебинад.”
(Сураи Залзала, ояи 7)

Дӯсти гиромӣ, инаш ҳам қобили таваҷҷуҳ аст. Сураи Залзала!
——

#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ