Get Mystery Box with random crypto!

. Бисмиллаҳир Раҳманир Раҳим. БАХШЕ АЗ МАСЪУЛИЯТҲО ВА ВАЗИФ | Оромиши Қалбҳо ❤️

.
Бисмиллаҳир Раҳманир Раҳим.

БАХШЕ АЗ МАСЪУЛИЯТҲО ВА ВАЗИФАҲОИ МО ДАР НАЗДИ РАСУЛУЛЛОҲ ﷺ

Имон ба Ӯ (тасдиқи рисолати Ӯ ва иқрор ба он ва амал кардан мувофиқи он).

Муҳаббат ба Ӯ (бартарӣ додани муҳаббати Ӯ бар муҳаббати падару модар, зану фарзанд, ҳамаи мардум ва ҳатто худи шахс).

Итоат аз Ӯ (Итоати мутлақ аз ҳамаи он чӣ дар умури (амалҳои) дин аз ҷониби Аллоҳ оварда аст ва бидуни эҳсоси мушкилӣ онро пазируфтан ва ҳукму гуфтаи хеҷ касеро бар ҳукми Ӯ бартарӣ надодан).

Дифоъ аз Ӯ (бо дафъи шубҳаҳо дар мавриди шариати Ӯ ва мубориза дар муқобили душманони шариати Ӯ).

Дуруд ва салавот фиристодан ба Ӯ.

Даъват бар суйи шариати Ӯ.

Талош барои ҳокимияти дини Ӯ.

Душманӣ бо душманони Ӯ

Дӯстӣ бо дӯстони Ӯ.

Эҳтиром доштан ба Ӯ.

Итоат аз суннати Ӯ ва мухолифат бо бидъат.

Муҳаббат ба аҳли байти Ӯ ва саҳобагон розиялЛоҳу анҳум ва ҳифзи эҳтироми онҳо.

Зинда кардани суннатҳои таркшудаи РасулулЛоҳ ﷺ.

Мутассифона дар ҷомеаи мо яке аз мусибатҳои бузург ин аст, ки анҷом додани суннатҳои РасулулЛоҳ ﷺ, даъват ба итоат ва пайравӣ аз Ӯ, мумкин аст мавриди мухолифат ва зиддият қарор мегиред, он ҳам аз ҷониби касоне, ки иддаои имон ба РасулулЛоҳ ﷺ ҳам доранд.

Таассуфовар аст, ки ба даъват ба суйи суннати РасулулЛоҳ ﷺ, даъват ба итоат ва пайравӣ аз Ӯ мавриди маломати мусалмонони зиëде қарор мегиред ва аҷибтар ин ки ин маломат ва мухолифат ба номи Ислом ҳам сурат мегирад.
ороми қалбҳо