Get Mystery Box with random crypto!

Бандаи Очиз: Ибодат қабул намешавад, магар бо тавҳид .    Тав | Оромиши Қалбҳо ❤️

Бандаи Очиз:
Ибодат қабул намешавад, магар бо тавҳид .

   Тавҳиди улуҳият шарти дуруст будани ибодат ва асоси қабули он аст. Ибодат, ибодат хонда намешавад, магар бо тавҳид. Ҳамон гуна, ки намоз бидуни таҳорат, намоз маҳсуб намешавад. Агар ширк дар эътиқод ворид шуд, ибодатро ботил месозад. Ҳамон тавре ки шиканандаи таҳорат ба миён биёяду таҳороатро бишканад. Ибодат бидуни тавҳид ширк маҳсуб шуда, тамоми амалҳоро нобуд месозад ва соҳибашро аз зумраи дӯзахиҳои ҷовидона мегардонад.

ТОҒУТ

Ба тоғутҳо куфр варзидан

Тоғут дар луғат- гузаштани 
ҳад аст.

Тоғут дар шариат: Он чизест, ки банда аз ҳаддаш мегузарад, яъне аз маъбуд, ё матбӯъ (пайравшуда), ё мутоъ (итоатшуда).

Воҷиб будани куфри ба тоғут:
Аввалин чизе ки Аллоҳ бар фарзанди Одам фарз гардонида аст, куфри ба тоғут ва имони ба Аллоҳ мебошад.
Далел фармудаи Аллоҳ таъолост:
Албатта Мо дар (миёни) ҳар уммате паёмбареро фиристодем, ки Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут иҷтиноб кунед".
(Наҳл:36)

Сифати куфр варзидан ба тоғут:
1.Ботил будани ибодати ғайри Аллоҳро эътиқод намоӣ ва онро тарк кунӣ ва бад бинӣ.
2.Аҳли онро кофир шуморӣ ва бо онҳо душманӣ намоӣ.

Сардорони тоғутҳо:

Тоғутҳо бисёр аст, лекин сардорони онҳо панҷто аст :

1-Иблис, Аллоҳ ӯро лаънат кунад.
2-Ва касе ки ба ҷуз Аллоҳ парастида шавад ва ӯ розӣ бошад.
3-Ва касе ки мардумро ба сӯи ибодати худаш даъват намояд.
4-Ва касе чизе аз илми ғайбро даъво кунад. 5-Ва касе ки ба ғайри нозилкардаи Аллоҳ ҳукм кунад.