Get Mystery Box with random crypto!

ҲИКОЯИ МОДАР ВА ФАРЗАНД Писаре чанд вақт буд, ки аз Мод | Медони ё не?

ҲИКОЯИ МОДАР ВА ФАРЗАНД

Писаре чанд вақт буд, ки аз Модараш дур буд. Модар ҳар рӯз ба писараш занг мезад ва мегуфт писарам зуд биё пеши ман, ки ман хеле туро ёд кардаам. Писар ҳар рӯз Модарашро фанд мекард ва мегуфт: Модар пагоҳ меоям, пагоҳ меоям. Ҳар рӯз ин гапро мегуфт, вале намеомад!!!

Модар хеле мунтазир монд, то ин ки аз ғаму ғуссаи писараш ба ҷогаи хоб афтод. Боз ҳам ба писараш мегуфт, вале писар бо ҳамон фанду фиребаш пагоҳ_пагоҳ мегуфт ва намеомад!!!

То ҷое, ки Модар гуфт: писарам агар пагоҳ биёӣ маро мебинӣ, вале агар наёӣ маро дар қиёмат мебинӣ. Пагоҳ шуд писар наёмад. Модар як бор чашмашро боз кард ва ба духтараш гуфт: духтарам! Ман як орзу дорам мехоҳам, ки ту орзуи маро бароварда кунӣ, чун ман дигар вақт надорам. Модар гуфт: ман аз ту мехоҳам, ки вақте, ки бародарат омад аз тарафи ман ӯро дар оғӯш бигир ва бигӯ ин орзӯи Модарам буд.

Вақте Модар ин гапро гуфт чашмонашро пӯшид ва дигар боз накард!!!

Модар ва Падар фариштаҳое ҳастанд, ки вақте рафтанд, баъд мо ба қадри онҳо мерасем!!!

Ва хуш ба ҳоли онҳое, ки пеш аз рафтани Модар ва Падарашон ба қадри ин фариштаҳо мерасанд!!!

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM