Get Mystery Box with random crypto!

ЭҲТИРОМИ ПАДАРУ МОДАР ВА КАЛОНСОЛОН Падару модарро иззат | Медони ё не?

ЭҲТИРОМИ ПАДАРУ МОДАР ВА КАЛОНСОЛОН

Падару модарро иззат кардан, онҳоро бузургу калон донистан, аз гуфтаи онҳо набаромадан, суханашонро рад накардан, ҳамеша дар ҳама кор ризои онҳоро ҷустан ба ҳар кас лозим аст.
Падару модар дар тарбияти мо бисёр машаққатҳо кашиданд ва ба хуни ҷигар парвариш намуда калон карданд. Ба синни ҳафтсолагӣ ба мактаб фиристоданд.
Алъон мо дар мактаб мехонем, ҳеҷ ғам надорем. Хӯроку пӯшоки моро онҳо тайёр мекунанд.
Акнун моёнро лозим аст, ки қадри падару модарро донем, онҳоро бисёр иззат кунем, бе иҷозати онҳо коре накунем. Агар ба коре иҷозат надиҳанд. «Ҷавоб диҳед» гуфта зӯр назанем, зеро ки кори нағзу бадро... онҳо медонанд. Ба ҳар коре, ки онҳо ҷавоб надиҳанд, албатта зарарнок аст.

Садриддин Айнӣ.

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM