Get Mystery Box with random crypto!

#Шукруллоҳ_Сироҷ. #МОДАРАМ... Модарам, | Медони ё не?

#Шукруллоҳ_Сироҷ.

#МОДАРАМ...

Модарам, тоҷи сарам, бо ту ҷаҳонам зебост,
Ҳар дами зиндагиву бахти ҷавонам зебост.
Мекунам васфи ту аз васфи ҷаҳон волотар,
Офаринанда ҷаҳон, бо ту лиҳонам зебост!

Модарам, дар ду ҷаҳон мунису ғамхори манӣ,
Дар вафо беҳ зи ҳама ёри вафодори манӣ!
Лутфи шоҳонаи ту аз карами Шоҳи ҷаҳон,
Бо дуо лутфу карамсозу мададгори манӣ!

Модарам, меҳри туро ман ба дигар нафрӯшам,
Ҳар сари мӯи сафеди ту ба зар нафрӯшам.
Оташин меҳри ту аз меҳри фалак пурнур аст,
Меҳри ту тира кунад, шамсу қамар нафрӯшам.

Модарам, номи ту ҳар лаҳза бувад вирди забон,
Баъд аз он Холиқи яктову Расули Қуръон!
Ту бузургиву бузургони ҷаҳон бандаи ту,
Нақши поят шавам, эй кош мани бе сомон.

Модарам, аз нигаҳат меҳру вафо меборад,
Аз ду рухсори гулат нуру сафо меборад.
Лафзи ширини ту дар Ҷаннату ман садқаи он,
К-аз забонат ба ҷаҳон лутфи Худо меборад.

Модарам, умри маро фасли муҳаббат туӣ, ту,
Каъбаи қалби маро ҷои ибодат туӣ, ту!
Шири покизаи ту Кавсари дунё бошад,
Ҷаннати рӯи замин, ганҷи саодат туӣ, ту!

Модарам, васфи туро гуфтаму бозат гӯям,
Меҳри ҷонсӯзи ту бо сӯзу гудозат гӯям.
Беҳтарин олиҳаӣ Шукрихудоӣ, модар,
Рӯи хоки қадамат хонда намозат, гӯям.

22.12.2021.

          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM