Get Mystery Box with random crypto!

ЯКЧАНД ҒАЗАЛ АЗ ШОИРИ ВАТАНДӮСТ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ Сабо зи дӯст | Медони ё не?

ЯКЧАНД ҒАЗАЛ АЗ ШОИРИ ВАТАНДӮСТ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ


Сабо зи дӯст паёме ба сӯйи мо овард,
Ба ҳамдамони куҳан дӯстӣ ба ҷо овард.

Расид боди масеҳодам, эй дили бемор,
«Барор сар, ки табиб омаду даво овард».

Барои чашми заифи рамадгирифтаи мо
Зи хоки мақдами маҳбуб тӯтиё овард.

Хаёли ёр, ки бар сар табиби ҳозиқ буд,
Ба ҷони хастадилон муждаи шифо овард.

Шаби фироқ шуд абри ду дида дурборон,
Чу дар хаёли худ он лаъли ҷонфазо овард.

Ҳамеша мардуми чашмам бараҳна бармегашт,
Надонам, ин ҳама борон худ аз куҷо овард?

Камол, донаи дил бо кабӯтаре дарбоз,
Ки номае ба ту аз ёри ошно овард.

КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

https://t.me/Xirad