Get Mystery Box with random crypto!

Шукр гӯям хилқати худро, ки тӯфонзода аст, Ҳеҷ напсандад ҳуҷум | Медони ё не?

Шукр гӯям хилқати худро, ки тӯфонзода аст,
Ҳеҷ напсандад ҳуҷуми нокасу ночизҳо.
Шиквае аз кас? Фақат аз хештан дорам гила
То намонад шеъри ман чун лошаи полезҳо.

Шукр гӯям обу нонеро, ки аз ранҷи ман аст,
Гарчи дастам ҷӯ наканду дона дар хоке на-кошт.
Шарм медорам ба ҷои он ҳама бемоягон,
Ки ба як мисқоли худ хирворҳо хоҳанд дошт.

Шукр гӯям толеамро, ки насибам сохтаст
Ҳамзамонии ҳама эъҷозҳо, парвозҳо.
Чун Гагарин гар набошам аввалин кайҳонкушо,
Кардаам парвозҳое дар ҷаҳони розҳо.

Шукр гӯям ҳастиро, к-аз шавқ меҷӯшад дилам,
Гар наҷӯшад дил, бисоти умр рангин аз куҷост?
Шукр гӯям ҳар тапишро, ки нидои зинда-гист,
Гар набошам, ин ҳама эҳсоси ширин аз куҷост!?

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ


СУБҲАТОН БА ХАЙР БОШАД!

https://t.me/Xirad