Get Mystery Box with random crypto!

Хоки поят дӯст дорад рӯйи ман, Нест айб, эй дӯстон, ҳуббулват | Медони ё не?

Хоки поят дӯст дорад рӯйи ман,
Нест айб, эй дӯстон, ҳуббулватан.

Хок гаштам, ин сухан чанд, эй рақиб?
Дар даҳан дорӣ, ки: Хокат дар даҳан!

Орзуи мост зулфат, бишканаш,
Дар ҷаҳон як орзуи мо шикан.

Гуфтаӣ: Дигар насӯзам ҷони ту.
Ҷони ман, дигар чӣ бошад сӯхтан?

Ман хасам, ту оташӣ, чанд интизор?
Дар дили ман з-интизор оташ мазан.

Эй рақиб, ар чашмам аз сар барканӣ,
Чашм агар з-ӯ барканам, чашмам бикан!

Ақлу дил, гуфтам, кӣ дуздид аз Камол?
Зери лаб хандон «Чӣ донам, — гуфт, — ман».

КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

https://t.me/Xirad