Get Mystery Box with random crypto!

Ирфон🎩

Telegram kanalining logotibi tajeducation07 — Ирфон🎩 И
Telegram kanalining logotibi tajeducation07 — Ирфон🎩
Kanal manzili: @tajeducation07
Toifalar: Taʼlim
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 46
Kanalning ta’rifi

Иқтисодиёт Танқид
Факт Навгонӣ
Омор Маркетинг
Лирика
Таҳлил Тараққиёт

Ratings & Reviews

2.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

1


Oxirgi xabar 2

2021-08-14 10:21:30
158 views07:21
Ochish/sharhlash
2021-07-20 03:00:03
Аллоҳ зи раҳматаш шодӣ хост ба ту
Дар олами қалб ободӣ хост ба ту
Дар иди муслимон аз шарри муҷримон,
Аз васвасаи шайтон озодӣ хост ба ту

Ҳамаи мусалмонони Тоҷикистон ва ҷаҳонро бо фарорасии иди Адҳо аз самими қалб табрику таҳния намуда, аз Парвардигор илтиҷо мекунам, ки умрамонро пурбаракат ва макони охирамонро Ҷаннат кунад.
Қурбониҳои бериёи моро ба даргоҳаш қабул намояд.
186 views00:00
Ochish/sharhlash
2021-07-11 18:10:15
Нахустин мошини парвозкунандаро аз санҷиш гузаронданд.

Ширкати Klein Vision барои ихтирои аэромобил тахминан 2млн евро сарф намуда, ноил гашт, ки аввалин парвози мошинро дар фурӯдгоҳи Нитра (Братислава, Словакия) бо суръати 170км/соат ба роҳ монад.

Шумо чӣ фикр доред, дар бораи мошине, ки ҳам мепараду ҳам дар роҳ мегардад?
189 views15:10
Ochish/sharhlash
2021-06-10 19:44:41
Мухтасар дар бораи моҳи майи соли 2021

#happeningofthismonth #May
209 viewsedited  16:44
Ochish/sharhlash
2021-05-27 15:34:01 asiaplustj.info/tj Ҳушдор аз гармтарин сол дар таърихи инсоният: яке аз солҳои 2021
238 views12:34
Ochish/sharhlash
2021-05-13 05:54:58 Ассалому алейкум.

Он ҳиссиёте, ки ҳоло аз сар гузаронида истодаам, бо 35 ҳарфе, ки дар саҳфакалидам (клавиатура) ҳастанд, баён карда наметавонам. Аммо ҳаминаш аён аст, ки шумо ҳам ҳамин ҳиссиёти таърифнопазирро аз сар гузаронида истодаед.

Имрӯз рӯзи шодӣ аст, пас шод бошед, ғаму ғуссаро фаромӯш кунед ва агар бо касе алоқаро канда бошед, имрӯз айни муддао аст, ки бо ҳам оштӣ шавед. Бовар кунед, онҳо ҳам интизоранд, ки бо Шумо алоқаро хуб кунанд.

Дар паноҳи Худо
230 viewsedited  02:54
Ochish/sharhlash
2021-05-10 06:54:19 Дар бораи тахфифҳои ғайриоддӣ

1) Канада як кишвари хунукест, ки мо медонем. Яке аз тарабхонаҳо дар ин мамалакат тахфифи аҷоиберо ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарорати ҳаво гармтар шавад, тахфиф баландтар шавад. Масалан, имрӯз +5 дараҷа гарм аст, яъне тахфифи ба даст овардаи шумо низ 5% -ро ташкил медиҳад. Аммо агар рӯз хунук шавад, нарх изофа намешавад :)

2) Боре нашриёти итолиёвии Монаддори 30% тахфиф эълон кард. Плакати таблиғотие, ки инро ифода мекард, эҷодкорона буд - дар плакат китобҳои гуногун ҷой дода шуда, 30% аз номи онҳо хориҷ карда шуданд. Масалан, "2.1 мушкетёр", "70 соли танҳоӣ" ё "1388.8" (асари "1984").
Тасаввур кунед, ки агар мо ҳамин тахфифро медоштем, чӣ гуна мешуд: "700,7 шаб", "2.1 нозанини Шарқ", "Алибобо ва 28 роҳзан"...

3) Тахфифҳои ширкати Burger King, ки бо сиёсати маркетингии худ фарқ мекунанд, боз ҳам таъсирбахштаранд. Агар шумо ба ягон ресторани McDonald's, ки рақиби асосии Burger King мебошад, рафта маҳсулоти Burger King-ро аз он ҷо фармоиш диҳед, лазизтарин маҳсулоти Burger King - воппер бароятон пешниҳод мегардад))
211 views03:54
Ochish/sharhlash
2021-04-26 17:47:54 Дилгирӣ ё мондагӣ Шуморо азоб диҳад, пас ба Шумо ин ботро тавсия медиҳам. Вақтатонро бо шариконатон ва телеграм хуш гузаронед. Дар бозӣ бояд Шумо бурд намоед;)

@inlinegamesbot
193 views14:47
Ochish/sharhlash
2021-04-20 02:56:26
Эҳсон дар Аврупо

Моҳи майи соли гузашта, яъне дар авҷи карантин як миллиардери аврупоӣ барои кӯмак ба инсонҳои камбизоат эҳсон ташкил кардааст. Ӯ дар яке аз ҷойҳои ҷамъиятӣ 100 млн евро монда, тақсими пулро ба ӯҳдаи худи одамҳо гузоштааст.

Эътибор диҳед, роҳгузарон бе ҷангу ҷанҷол бо пули хайршуда домонашонро пур накарда, танҳо маблағи барои рӯзгузаронӣ зарур бударо гирифта истодаанд.

Одатан аврупоиҳоро танқиду сарзаниш мекунем, аммо баъзе рафтори мардуми худамон ошкор месозад, ки аз маданияти онҳо асрҳо қафо мондаем.
217 views23:56
Ochish/sharhlash
2021-04-15 14:53:44 asiaplustj.info/tj Нархҳоро бо фишор овардан танзим карда намешавад: иқтисоди
192 views11:53
Ochish/sharhlash