Get Mystery Box with random crypto!

Дар бораи тахфифҳои ғайриоддӣ 1) Канада як кишвари хунукест, | Ирфон🎩

Дар бораи тахфифҳои ғайриоддӣ

1) Канада як кишвари хунукест, ки мо медонем. Яке аз тарабхонаҳо дар ин мамалакат тахфифи аҷоиберо ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарорати ҳаво гармтар шавад, тахфиф баландтар шавад. Масалан, имрӯз +5 дараҷа гарм аст, яъне тахфифи ба даст овардаи шумо низ 5% -ро ташкил медиҳад. Аммо агар рӯз хунук шавад, нарх изофа намешавад :)

2) Боре нашриёти итолиёвии Монаддори 30% тахфиф эълон кард. Плакати таблиғотие, ки инро ифода мекард, эҷодкорона буд - дар плакат китобҳои гуногун ҷой дода шуда, 30% аз номи онҳо хориҷ карда шуданд. Масалан, "2.1 мушкетёр", "70 соли танҳоӣ" ё "1388.8" (асари "1984").
Тасаввур кунед, ки агар мо ҳамин тахфифро медоштем, чӣ гуна мешуд: "700,7 шаб", "2.1 нозанини Шарқ", "Алибобо ва 28 роҳзан"...

3) Тахфифҳои ширкати Burger King, ки бо сиёсати маркетингии худ фарқ мекунанд, боз ҳам таъсирбахштаранд. Агар шумо ба ягон ресторани McDonald's, ки рақиби асосии Burger King мебошад, рафта маҳсулоти Burger King-ро аз он ҷо фармоиш диҳед, лазизтарин маҳсулоти Burger King - воппер бароятон пешниҳод мегардад))