Get Mystery Box with random crypto!

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Telegram kanalining logotibi payomi_qalbho — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Telegram kanalining logotibi payomi_qalbho — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Kanal manzili: @payomi_qalbho
Toifalar: Din
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 212

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

1


Oxirgi xabar 2

2022-08-07 13:10:32 ‌‎‌‌‌‎‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌┅─═ঊঈ ঊঈ═─┅


Дар ҳама шаҳр хабар шуд, ки ту маъшуқи мани,
Ин ҳама дурию парҳезу такаббур чи куни?

Ҳадду андозаи ҳар кор падидор бувад,
Мабар аз хад, санамо, саркашу кибриву мани.

Аз паи он ки қазо ошиқи ту кард маро,
Ин ҳама тири чафо бар мани мискин чи зани?

Аз ғамии ту ғаниям в-аз ҳама олам дарвеш,
Нест чун ман ба ҷаҳон аз ғам дарвеши ғани.

Ин дам аз олами ишқ аст, ба бози машумор,
Гар ба бози шумари қиммати худ мешикани.

Гар ту хохи, ки чу Аттор шави дар раҳи ишқ,
Сар фидо бояд кардан, ту вале он накуни.

◍⃟ #Аттори_Нишопурӣ
55 views10:10
Ochish/sharhlash
2022-08-05 21:26:22 ‌‎‌‌‌‎‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌┅─═ঊঈ ঊঈ═─┅

Ин ғами беҳаё маро боз раҳо намекунад,

Аз ману нолаҳои ман ҳеҷ ҳаё намекунад.

‌‎‌‌‌‎‌‎
68 views18:26
Ochish/sharhlash
2022-08-05 21:24:19 - Бегона, агар зулму ҷафо кард, аҷаб нест,
-
Аз ғайбату бемеҳрии ëрон гила дорам.
63 viewsedited  18:24
Ochish/sharhlash
2022-08-05 20:31:00
65 views17:31
Ochish/sharhlash
2022-08-05 20:27:57 #СУХАНЧИНӢ

︎ Марде назди Холид ибни Валид омаду гуфт: Фалон кас аз ту бадгӯӣ кард.
Гуфт: Дафтари аъмоли худаш аст, ҳар гуна, ки хоҳад, пур мекунад.

︎ Нафаре ба Ваҳб ибни Мунаббиҳ гуфт: Фалон кас ғайбат ва бадгӯии туро намуд.
Фармуд: Ва шайтон ғайр аз ту касеро наёфт, ки паёмашро бирасонад?

︎ Касе ба Ҳасани Басрӣ гуфт: Фалонӣ туро ғайбат ва бадгӯӣ кард.
Посух дод: Ӯ тиреро ба сӯям партофт, аммо ба ман нарасид ва ту онро бардошта овардӣ ва ба қалбаб фурӯ кардӣ.

︎ Марде назди Имом Шофеӣ рафт ва гуфт: Фалонӣ дар бораи ту бадгӯӣ кард.
Фармуд: Агар дуруст гуфта бошӣ, суханчин ҳастӣ ва агар дурӯғ гуфта бошӣ, фосиқ ҳастӣ.
65 views17:27
Ochish/sharhlash
2022-08-01 20:19:29 Бе ҳиҷоби ва зарари он дар ҷомеа

Хоҳиш дорам гӯш андозед дустон.

•┈┈┈┈ ┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед
@hidoyati_zanon
99 views17:19
Ochish/sharhlash
2022-07-31 20:07:58 Саҳобаи Абудардо (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд:

«Чун касе лаънат гӯяд, ба осмон мебарояд ва дарҳои осмон аз он баста мешавад, сипас ба замин мефурояд ва замин аз он баста мешавад, роҳи гурезро меҷӯяд, вале наметавонад. Баъд ба касе, ки лаънат шуда буд, меравад. Агар лаънат лоиқ бошад, ба ӯ мезанад ва агар сазовори он набошад, бар касе, ки лаънат гуфтааст ва ӯро мезанад»

Маҷмӯаи Абу Довуд ҳадиси таҳти рақами 4905
129 views17:07
Ochish/sharhlash
2022-07-29 18:54:23 Ҳақиқат монанди ҷарроҳӣ аст, дард мекунад вале дармон мебахшад.
Дурӯғ мисли доруи оромбахш аст, ки замони кутоҳе оромат мекунад вале аворизи ҷонибиаш ҳамеша ҳамроҳат хоҳад буд.
105 views15:54
Ochish/sharhlash
2022-07-28 23:31:59 ДАР ЁДАТ БОШАД!

Дар ёдат бошад, ки зебоиҳои кучакро дўст бидорӣ, ҳатто агар дар миёни зиштиҳои бузург бошанд.
*
Дар ёдат бошад, ки дигаронро дўст бидорӣ он гуна, ки ҳастанд, на он гуна, ки мехоҳӣ бошанд.
*
Дар ёдат бошад, ки ҳаргиз худро аз даричаи нигоҳи дигарон нанигарӣ, ки агар ту худ бо хештан оштӣ накунӣ ҳеҷ шахсе наметавонад туро бо худат оштӣ диҳад.
*
Дар ёдат бошад, ки худат бо худат меҳрубон бошӣ, зеро шахсе, ки бо худ меҳрубон нест наметавонад бо дигарон меҳрубон бошад.

ف
116 views20:31
Ochish/sharhlash
2022-07-28 22:12:20 Ончи дар бораи мард ва зан муҳимтар аст динӣ ӯст...

Тобеини бузург имом Ҳасанӣ Басрӣ رحمه الله мегӯяд:

"Дар замони аҳли ҷоҳилият ҳаргоҳ марде заниро хостгорӣ мекард мепурсиданд: Асл ва насабаш чист?

Ҳангоме, ки ислом омад пурсиданд: – Динаш чист?

Аммо шумо имрӯз мегӯед:
Вазъ ва сарваташ чист?"


(بهجة المجالس: ۲/ ۳۸)

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед
@hidoyati_zanon
83 views19:12
Ochish/sharhlash