Get Mystery Box with random crypto!

#СУХАНЧИНӢ ︎ Марде назди Холид ибни Валид омаду гуфт: Фалон | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

#СУХАНЧИНӢ

︎ Марде назди Холид ибни Валид омаду гуфт: Фалон кас аз ту бадгӯӣ кард.
Гуфт: Дафтари аъмоли худаш аст, ҳар гуна, ки хоҳад, пур мекунад.

︎ Нафаре ба Ваҳб ибни Мунаббиҳ гуфт: Фалон кас ғайбат ва бадгӯии туро намуд.
Фармуд: Ва шайтон ғайр аз ту касеро наёфт, ки паёмашро бирасонад?

︎ Касе ба Ҳасани Басрӣ гуфт: Фалонӣ туро ғайбат ва бадгӯӣ кард.
Посух дод: Ӯ тиреро ба сӯям партофт, аммо ба ман нарасид ва ту онро бардошта овардӣ ва ба қалбаб фурӯ кардӣ.

︎ Марде назди Имом Шофеӣ рафт ва гуфт: Фалонӣ дар бораи ту бадгӯӣ кард.
Фармуд: Агар дуруст гуфта бошӣ, суханчин ҳастӣ ва агар дурӯғ гуфта бошӣ, фосиқ ҳастӣ.