Get Mystery Box with random crypto!

ДАР ЁДАТ БОШАД! Дар ёдат бошад, ки зебоиҳои кучакро дўст бидо | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

ДАР ЁДАТ БОШАД!

Дар ёдат бошад, ки зебоиҳои кучакро дўст бидорӣ, ҳатто агар дар миёни зиштиҳои бузург бошанд.
*
Дар ёдат бошад, ки дигаронро дўст бидорӣ он гуна, ки ҳастанд, на он гуна, ки мехоҳӣ бошанд.
*
Дар ёдат бошад, ки ҳаргиз худро аз даричаи нигоҳи дигарон нанигарӣ, ки агар ту худ бо хештан оштӣ накунӣ ҳеҷ шахсе наметавонад туро бо худат оштӣ диҳад.
*
Дар ёдат бошад, ки худат бо худат меҳрубон бошӣ, зеро шахсе, ки бо худ меҳрубон нест наметавонад бо дигарон меҳрубон бошад.

ف