Get Mystery Box with random crypto!

Баъзе бидъатҳо дар шаби Қадр • Эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки т | ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸

Баъзе бидъатҳо дар шаби Қадр

• Эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки то охираш хонед.

• Аллоҳ таъоло мефармояд:

"..... الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا ....."

".... Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр кардам. ..."

Сураи Моида ояти 3

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд:

«Касе, ки дар ин амр (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, мардуд (рад) аст».

Риёзус солиҳин, боби 18, ҳадиси 169

Аз Абунаҷиҳ Ирбоз ибни Сория (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

".......  бар шумо бод, ки аз корҳои бидъат дурӣ кунед, зеро ҳар кори навпайдо гумроҳӣ дар пой дорад.".

Риёзус солиҳин, боби 16, ҳадиси 157

• Дар шариати мо, дар шаби Қадр ягон намози муайян ёки ягон ракати муъайн нест. Инчунин баъзе тантанаҳо низ бе асосу-далел аст.
Баъзеҳо мегӯянд: "Дар шаби Қадр бояд 100 ракат намоз хонӣ, дар ҳар як ракаташ баъд аз сураи Фотиҳа фалон сураро 10 бор, фалониашро 13 бор хондан даркор". (Масалан, супаҳои Кавсар, Ихлос ва Қадрро). Ин суханонашон бе асосу далел буда, бидъат аст.

Дар шаби қадр намози муайян ё ракати муайян ё ки сураи муайянеро чанд бор хондан (масалан, баъзеҳо сураи Ихлосро чанд бор хонед мегӯянд ё Қадрро) чунин гап нест.

• Ба ҷои ин бидъатҳо суннатҳои шаби Қадрро ба тарзи баён шудааш иҷро кунем:

• Суннат аст дар шаби Қадр:

Эътикоф нишастан, дуо кардан, намоз хондан бе ракати муайян (ҳар қадаре тавонед, хонед), зикр кардан, Қуръон хондан. Бо чунин тоату-ибодатҳо шаби Қадрро гузарондан лозим аст.

Тартиби намоз хондан:

• Дар шаби Қадр ба мисли намози Таҳаҷҷуд ду ракаатӣ, ду ракаатӣ намоз хонда мешавад. Ягон сураи муайян надорад. Кадом сураеро донед, аз рӯи тартиб хонед, ҷоиз аст. Ракаати муайян ҳам надорад. Чанд ракаате тавонед, хонед, ҷоиз аст.

Аллоҳ таъоло ҳамаи моро аз бидъатҳо нигаҳ дорад. Дар шаби Қадр дар ҳаққи бандагони мусалмони саросари дунё, инчунин онҳое, ки дар ҳар гӯшаи дунё зери зулми душманони исломанд, дуоро фаромӯш накунед.

• Ин маълумотҳоро ба ҳама расонед, то огоҳ бошанд

• Вассаламу Алейкум ва Раҳматуллоҳи ва Баракатуҳу •


  ࿅•┈┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈┈•࿅