Get Mystery Box with random crypto!

Ақидаи Имом Заҳаби . Имом Заҳаби дар тарҷумаи ҳоли Ҳофиз и | Мазҳаби Ҳанафи

Ақидаи Имом Заҳаби .

Имом Заҳаби дар тарҷумаи ҳоли Ҳофиз ибни Ҳиббон мегӯянд:

وقال أبو إسماعيل الأنصاري : سمعت يحيى بن عمار الواعظ ، وقد سألته عن ابن حبان ، فقال : نحن أخرجناه من سجستان ، كان له علم كثير ، ولم يكن له كبير دين، قدم علينا ، فأنكر الحد لله ، فأخرجناه.

Гуфт Абу Исмоъили Ансорӣ, шунидам аз Яҳё Ибни Аммори Воъиз, Ҳангоме, ки аз ӯ пурсон шудам дар бораи Ҳофиз Ибни Ҳиббон (р) (соҳиби китоби Саҳеҳ Ибни Ҳиббон).

гуфт: (Яҳё ибни Аммори Воъиз) мо Уро (Ибни Ҳиббонро) хориҷ кардем аз шаҳри Сиҷистон, у соҳиби илми зиёде буд, аммо наонқадар дини бузург дошт (яъне ақидаи хуб надошт) Ва ба Сиҷистони мо омад, ва ҳад-ро (ҳад-яъне ҳаҷм, Бидоят ва ниҳоят доштани зот мебоша) аз Аллоҳ инкор кард, баъд аз ин мо ӯро хориҷ кардем аз (шаҳри) Сиҷистон

Имом Заҳаби رَحِمَهُ اللّٰه баъд аз зикр кардани ин ривоят мегуяд:

وَتَعَالَى اللّٰهُ أَنْ يُحَدَّ أَوْ يُوْصَفَ إِلَّا بِمَا وَصَفَ بِهِ نَفْسَهُ، أَوْ عَلَّمَهُ رُسُلَهُ بِالْمَعْنَى الَّذِي أَرَادَ بِلَا مِثْلٍ وَلَا كَيْفٍ. (لَيسَ كَمِثلِهِ شَيءٌ ۖ وَهُوَ السَّميعُ البَصيرُ).

Ва поку муназзаҳ аст, Аллоҳ аз инки ҳаде (ҳад- яъне марз) дошта бошад ё инки васф карда шавад (ба ҳад). Аллоҳ-ро васф карда намешавад магар ба он чизе, ки Аллоҳ худро васф намудааст, ё он ончиро, ки бо расулонаш таълим дод, ва ба он маънои, ки у хост бе мислу монанд ва бе кайфият (Ҳеҷ чизе аз махлуқот ба Ӯ шабоҳат надорад. Ва Ӯ Шунавандаи гуфтори бандагон, Бинандаи кирдори онҳост) сураи Шӯро ояти 11.

«Сияру Аълами Нубала» 16/97 .

Танбеҳ:
Аз ин ақвол бар меояд, ки Ҳофиз ибни Ҳиббон ва Имом Заҳаби Аллоҳ-ро поку муназзаҳ аз ҳад (ҳаҷм) медонистанд, ва ин ақида, ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат аст, ва баъзе аз Ҳанбалиҳои муҷассим, ки дар Таҷсим гаравида буданд, мисли:

1) Қози Абу Яълои Ҳанбали
2) Ибни Зоғуниӣ Ҳанбалӣ
3) Ибни Таймияи Ҳанбалӣ

Ва ғайраҳо, ки дар таҷсим гаравида буданд, бар Аллоҳ ҳадд қоим буданд мисли ибни Таймия, ғайраҳо.

Аллоҳ нигоҳ дорад ҳар яки моро аз ин гуна ақоиди ботил ва нодуруст.

---------------------- #Имом_Заҳаби
Ба саҳифаи мо обуна шавед  @alhanafiya