Get Mystery Box with random crypto!

Ақидаи Имом Заҳаби : Имом Заҳаби дар тарҷумаи ҳоли Абу | Мазҳаби Ҳанафи

Ақидаи Имом Заҳаби :

Имом Заҳаби дар тарҷумаи ҳоли Абу Убайд Қосим Ибни Саллом (157-224 ҳ.қ) баъд зикр кардани ривояте, ки аз у ривоят шудааст дар боби сифот чунин мефармояд:

فَعُلِمَ قَطْعاً أَنَّ قِرَاءتَهَا وَإِمرَارَهَا عَلَى مَا جَاءتْ هُوَ الحَقُّ، لاَ تَفْسِيْرَ لَهَا غَيْرُ ذَلِكَ، فَنُؤْمِنُ بِذَلِكَ، وَنَسْكُتُ اقْتِدَاءً بِالسَّلَفِ، مُعْتَقِدِيْنَ أَنَّهَا صِفَاتٌ للهِ -تَعَالَى- اسْتَأَثَرَ اللهُ بِعِلْمِ حَقَائِقِهَا، وَأَنَّها لاَ تُشْبِهُ صِفَاتِ المَخْلُوْقِينَ، كَمَا أَنَّ ذَاتَهُ المُقَدَّسَةَ لاَ تُمَاثِلُ ذَوَاتِ المَخْلُوْقِينَ، فَالكِتَابُ وَالسُّنَّةُ نَطَقَ بِهَا، وَالرَّسُوْلُ -صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ- بَلَّغَ، وَمَا تَعَرَّضَ لِتَأْوِيْلٍ، مَعَ كَوْنِ البَارِي قَالَ: {لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِم} [النَّحْلُ: ٤٤] ، فَعَلَيْنَا الإِيْمَانُ وَالتَّسْلِيْمُ لِلنُّصُوْصِ، وَاللهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيْمٍ.

Пас қатъан дониста мешавад ин, ки хондани онҳо (оёт ва аҳодиси сифот) ва имрор (яъне хонда гузаштан) и онҳо бар он тариқе, ки ривоят шудаанд ҳақ ва саҳеҳ мебошад, ба ғайр аз ин тафсир низ нахоҳад карда шавад, пас мо Имон меоварем бар он (аҳодиси сифот), ва иқтидо бар салаф карда сукут хоҳем кард (аз маъно ва тавили онҳо), ва эътиқод хоҳем дошт бар ин, ки онҳо сифоти Аллоҳ Таъоло мебошанд, ва Аллоҳ молики ҳақиқати илми онҳост, ва (сифоти Аллоҳ) монанди сифоти махлуқот нестанд, чигунае, ки Зоти поки у монанд нест бар зоти махлуқот, пас Қурон ва Суннат нутқи он аҳодтсро кардааст, ва Паёмбар ﷺ онҳоро расонидааст бе маънедод кардани онҳо, новобаста аз он чи, ки Аллоҳ фармудааст: «то, ки ба мардум возеҳ гардони, он чи, ки бар онҳо нозил кардааст» (наҳл :44), пас бар мо (зарур аст) то, ки мо Имон биёварем ва таслим шавем бар он нусус (оёт ва аҳодиси сифот), ва Аллоҳ ҳар киро хоҳад ҳидоят хоҳад кард.

«Сияру Аъломи Нубало» 10/506 . #Имом_Заҳаби #тафвиз
----------------------------------------------------------------------------------------------
Ба саҳифаи мо обуна шавед  @alhanafiya