Get Mystery Box with random crypto!

Happy life 💞

Telegram kanalining logotibi radio_ozodi — Happy life 💞 H
Telegram kanalining logotibi radio_ozodi — Happy life 💞
Kanal manzili: @radio_ozodi
Toifalar: Kattalashtirilmagan
Til: Oʻzbek tili
Mamlakat: Oʻzbekiston
Obunachilar: 331
Kanalning ta’rifi

Дай каждому дню шанс стать самым прекрасным в твоей жизни!

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

1


Oxirgi xabar 5

2021-02-01 15:42:25
Дари масҷидҳои Тоҷикистон барои намозгузорон боз шуд

Дари масҷидҳои Тоҷикистон барои намозгузорон боз шуд.
➥ Пурратар...

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
285 viewsРадио Озодӣ, 12:42
Ochish/sharhlash
2021-02-01 14:59:25 Рӯзи 1-уми феврал президенти ИМА Ҷо Байден дидгоҳҳояшро дар заминаи сиёсати хориҷии кишвар  барои чор соли оянда баён мекунад ва интизор меравад, ки баъди стратегияи президенти пешин Доналд Трамп, ки мегуфт, “Амрико аввал аст”,  тағйироте дар самтгириҳои сиёсати хориҷӣ рӯй медиҳад. NBC News ва CNN бо такя ба маъмурияти Ҷо Байден мегӯянд, “барқарор кардани мавқеи ИМА дар ҷаҳон” дар маркази сиёсати хориҷии ӯ қарор дода мешавад.  Интизор намеравад, ки дар суханронии Байден ҷузъиёти зиёд дода шавад, вале ин суханронӣ дар қиёс бо Трамп бояд лаҳни наву тозае дар нисбати  ҷомеаи ҷаҳониву сохторҳои байналмилалӣ дошта бошад. Қарор аст ӯ аз котиби нави давлатии худ Энтони Блинкен пурра ҳимоят бикунад. Вазифаи Блинкен дар барқарор кардани равобит бо ҷаҳони беруна хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Байден дар маросими савгандёдкунӣ гуфт, ИМА ба созиши зистмуҳитии Париж ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бармегардад. Байден бояд бо мушкилоти зиёде, мисли  барномаи ҳастаии Эрону Кореяи Шимолӣ, равобити пуртаниш бо Чин ва Русия сарукор бигирад.


➥ Пурратар...


#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
295 viewsРадио Озодӣ, 11:59
Ochish/sharhlash
2021-02-01 14:59:25
Ҷо Байден сиёсати хориҷии худро ироа мекунад

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
270 viewsРадио Озодӣ, 11:59
Ochish/sharhlash
2021-02-01 14:44:17 Андрей Абдувалиев, варзишгари маъруфи тоҷик, ки феълан дар Узбекистон ба сар мебарад ва раиси Федератсияи варзиши сабуки он кишвар мебошад, бо мукофоти олии ҳукуматӣ - медали «Содиқ хизматлари учун» (“Барои хидмати содиқона”) мукофотонида шуд.


Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон, Абдувалиев барои хидматҳо ва саҳми бузургаш дар рушди варзиши сабук дар он кишвар бо ин мукофоти олӣ сарфароз гашт.


Мукофотро ба ӯ дар як маросими ботантана, ки  29-уми январ дар дафтари Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон доир гардид, муовини аввали вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Равшан Ирматов ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Узбекистон Ойбек Қосимов супурданд.


Устоди шоистаи варзиши СССР дар гурзандозӣ Андрей Абдувалиев, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар таърихи варзиши тоҷик чандин саҳифаи дурахшон боз кардааст. Ӯ қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар соли 1992 дар Барселона (Испания), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон дар соли 1993 дар Штутгарт (Олмон) ва соли 1995 дар Ҳётеборг (Шведсия), барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар соли 1998 дар Бангкок (Таиланд), инчунин қаҳрамони Осиё дар соли 1998 дар Фукуоко (Ҷопон) мебошад.


Беҳтарин натиҷаи ӯ дар фаъолияти варзишиаш 83 метру 46 сантиметр дар соли 1990 буд. Зимнан, дар муддати 26 сол баъди дувумин пирӯзии Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон, то ҳоло ягон варзишгари дигар аз Тоҷикистон дар риштаҳои олимпӣ медали тилло ба даст наовардааст.


Андрей Абдувалиев беҳтарин мураббии варзиши сабуки қораи Осиё эътироф шудааст. Ҷоизаи «Мураббии беҳтарини Осиё»-ро ӯ соли 2011 дар анҷумани Иттиҳодияи варзиши сабуки ин қора дар шаҳри Кобеи Ҷопон дарёфт кардааст.


Гурзандози маъруф Сӯҳроб Хоҷаев, ки соли 1993 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, чанд соли ахир дар шаҳри Тошканд ба сар мебарад ва таҳти раҳбарии Андрей Абдувалиев тамрин мекунад. Ӯ мақсад дорад, ки ба мисли устодаш қуллаҳои баланди варзишро фатҳ намояд. Хоҷаев дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия Узбекистонро намояндагӣ кард ва ҳоло ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио омодагӣ мебинад.


➥ Пурратар...


#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
274 viewsРадио Озодӣ, 11:44
Ochish/sharhlash
2021-02-01 14:44:17
Ба Андрей Абдувалиев медали "Содиқ хизматлари учун" супурда шуд

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
262 viewsРадио Озодӣ, 11:44
Ochish/sharhlash
2021-02-01 14:15:26
Шаҳбол баъди 7 соли ранҷу азоб даргузашт

Шаҳбол Мирзоев, як сарбози тоҷик, ки ба сабаби бадрафторӣ дар артиш бемори бистарӣ шуд, шаби 1-уми феврал даргузаштааст. Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи Шаҳбол дар додгоҳҳо саҳм доштааст, имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбол дар шифохонае дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.
➥ Пурратар...

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
268 viewsРадио Озодӣ, 11:15
Ochish/sharhlash
2021-02-01 14:01:26 Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун 30-юми январ ба Дубай расид, аввалин тамрини худро анҷом дод. Дар тамрин 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – иштирок карданд.  


Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои тими миллии кишвар бо мунтахаби Урдун дар Дубай рӯзҳои 1-ум ва 5-уми феврал баргузор мешаванд.


Ин бозиҳо, ки дар варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доир мегарданд, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбанд.


Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:


Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);


Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);


Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);


Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).


Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).


Бозиҳои дӯстона


1-уми феврал (душанбе)


Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе


Урдун – Тоҷикистон


Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ


5-уми феврал (ҷумъа)


Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе


Урдун – Тоҷикистон


Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ


➥ Пурратар...


#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
265 viewsРадио Озодӣ, 11:01
Ochish/sharhlash