2022-06-28 18:23:06
ҲИКМАТИ РӮЗ
Рузе аспи пирамарде фирор кард.
Мардум гуфтанд: Чи мусибате.
Пирамард гуфт: Аз куҷо медонед?
Фардо аспи пирамард бо чанд аспи ваҳши баргашт.
Мардум гуфтанд: Чи хушбахтие.....
Пирамард гуфт: Аз куҷо медонед?
Писари пирамард аз руи яке аз аспҳо афтод ва пояш шикаст.
Мардум гуфтанд: Чи мусибате. ...
Пирамард гуфт: Аз куҷо медонед?
Фардояш маъмурони давлат омаданд ва тамоми мардони ҷавони деҳаро ба ҷанг бурданд, ба ҷуз писари пирамард, ки пояш шикаста буд.
Мардум гуфтанд: Чи хушбахтие...
-----------
Зиндаги пур аз мусибат ва хушиҳои зоҳирист. Шояд бадтарин мусибатҳои имрузамон, муқадимаи хушиҳои фардоямон бошад.
Аз куҷо медонед ?....(?)
276 views15:23