Get Mystery Box with random crypto!

Happy life 💞

Telegram kanalining logotibi radio_ozodi — Happy life 💞 H
Telegram kanalining logotibi radio_ozodi — Happy life 💞
Kanal manzili: @radio_ozodi
Toifalar: Kattalashtirilmagan
Til: Oʻzbek tili
Mamlakat: Oʻzbekiston
Obunachilar: 331
Kanalning ta’rifi

Дай каждому дню шанс стать самым прекрасным в твоей жизни!

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

1


Oxirgi xabar 4

2021-02-02 08:58:24
Додситони кулл гуфт, Маҳмурод Одинаев "лату кӯб нашудааст"

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
147 viewsРадио Озодӣ, 05:58
Ochish/sharhlash
2021-02-02 08:15:25 Раҳбарони Ғарб табаддулоти артиш дар Мянмар алайҳи ҳукумати Аунг Сан Сучиро маҳкум карданд ва садҳо ҳазор нафар аз тарафдорони вай низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми худро нисбат ба ин иқдоми низомиёни Мянмар иброз доштанд.


Артиши Мянмар рӯзи 1-уми феврал дар ин кишвар даст ба табаддулот зад ва Аунг Сан Сучи ва дигар мақомоти баландпояи ин кишварро боздошт кард. Артиши Мянмар ба мудати як сол вазъияти фавқулодда эълон кард ва ин амали худро вокуниш ба "тақаллуби интихоботӣ" номид.


Ин таҳаввулоти ногаҳонӣ ҳама талошҳои солҳои ахир барои барқарории демократия дар Мянмарро зери суол бурдааст ва ҳамчунин сарнавишти паноҳандагони ақалияти мусалмони Роҳинҷаро, ки ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд, ба норушанӣ рӯбарӯ кардааст.


Қарор аст Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе дар ин робита нишасте доир кунад.


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ин табаддулотро зарбае ба демократия хонд ва раҳбарони артиши ин кишварро ба таҳрим таҳдид кардааст. Дар баёнияи раиси ҷумҳури Амрико омадааст, "ҳар ҷо ки демократия ҳадафи ҳамла қарор гирад, Амрико ба дифоъ аз он бархоҳад хост".


Як генерали бознишаста, ки дар Мянмар қудратро ба даст гирифтааст, ваъда дод, ки интихоботи шаффоф ва одилона баргузор карда, қудратро ба барандаи интихобот интиқол хоҳад дод. Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки интихобот кай баргузор мешавад.


Созмони Милали Муттаҳид табаддулоти низомӣ дар Мянмарро маҳкум кард ва хостори барқарории демократия дар ин кишвар шуд. Бритониё, Австралия, Ҳинд, Ҷопон, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико низ табадуллоти артиш дар Мянмарро маҳкум кардаанд.


➥ Пурратар...


#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
173 viewsРадио Озодӣ, 05:15
Ochish/sharhlash
2021-02-02 08:15:25
Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба табаддулот дар Мянмар. Вашинтон таҳдид ба таҳрим кард

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
165 viewsРадио Озодӣ, 05:15
Ochish/sharhlash
2021-02-02 07:04:20 Дар Туркманистон маҳдудияти гашту гузори сокинон сахттар ва ваксиназании сартосарӣ шуруъ мешавад.


Дар Туркманистон расман ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.


Ин кишвар барои ваксиназании сокинон ваксинаи русии "Sputnik V"-ро харидорӣ карда, интизор меравад, 15 феврал ин раванд шуруъ шавад.


Рӯзи 18 январ Туркманистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, ваксинаи русии "Sputnik V" сабт кард. Баъди 10 рӯз дувумин ваксинаи русии зидди коронавирус "ЭпиВакКорона"-ро низ нахустин шуда дар дунё, сабт кард.


➥ Пурратар...


#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
189 viewsРадио Озодӣ, 04:04
Ochish/sharhlash
2021-02-02 07:04:20
Дар Туркманистон маҳдудиятҳо тамдид ва ваксиназанӣ шуруъ мешавад

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
179 viewsРадио Озодӣ, 04:04
Ochish/sharhlash
2021-02-02 06:48:13 Покистон тасмим дорад, дар ҳафтаи ҷорӣ ваксиназании сартосариро шуруъ кунад. Бо ҳадафи ворид кардани ваксинаи чинӣ, як ҳавопаймои низомии Покистон ахиран озими Чин шуд.


Интизор меравад, ки ҳавопаймо бо 500 ҳазор вояи воаксинаи SinoPharm ба Покистон баргардад.


Ваксинаи чиниро дар Покистон дар навбати аввал кормандони соҳаи тиб мегиранд. Ҳадди ақал 400 ҳазор корманди тиб дар навбати ваксинагирӣ номнавис шудаанд.


Рӯзи 30 январ вазорати ҳифзи тандурустии Покистон эълом кард, ки ин кишвар аз ваксинаи AstraZeneca, истеҳсоли ширкати муштараки дорусозии Бритониёву Швейтсария 17 миллион воя дастрас хоҳад кард.


Раёсати танзими васоили табобатии Покистон истифодаи ваксинаҳои SinoPharm, AstraZeneca ва "Спутника V"-и русиро тасдиқ кардааст.


Як назарпурсии ахири маркази пажуҳишии Gallup Pakistan собит кардааст, ки эҳтимол дорад, нисфе аз покистониҳо аз гирифтани ваксина худдорӣ кунанд. Ба бовари онҳо, хатари коронавирус беш аз андоза нишон дода мешавад.


Дар он кишвар 544 ҳазору 813 ҳолати гирифторӣ ва 11 ҳазору 657 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.


➥ Пурратар...


#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
198 viewsРадио Озодӣ, 03:48
Ochish/sharhlash
2021-02-02 06:48:13
Ҳавопаймои низомии Покистон барои ворид кардани ваксини зидди COVID-19 озими Чин шуд

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
193 viewsРадио Озодӣ, 03:48
Ochish/sharhlash
2021-02-02 05:37:31
Афғонистон мехоҳад, хушнависии исломӣ мероси ҷаҳонӣ шавад

Хаттоти афғон бо килки хеш ҳунари қадимаро нигаҳ медорад. Абдулҳаким Каримзода, 30 сол аст, хаттотӣ ва ё хушнависӣ мекунад.
➥ Пурратар...

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
224 viewsРадио Озодӣ, 02:37
Ochish/sharhlash
2021-02-01 18:47:17
Хадамоти алоқа мегӯяд, танқиди суръати интернет одилона нест.ВИДЕО

#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
318 viewsРадио Озодӣ, 15:47
Ochish/sharhlash
2021-02-01 16:25:23 Мақомоти расмӣ гуфтанд, аз замони сирояти коронавируси нав дар зиндонҳои Тоҷикистон 11 нафар бар асари илтиҳоби шуш фавтидаанд. Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар воқеъ 11 маҳбус аз бемории сахти шушро тасдиқ кард, аммо дар бораи сирояти СОVID-19 ба зиндониён иттило надод.


Вай гуфт, ягон мавриди марги маҳбусон бар асари беморӣ сабт нашудааст: “Дар маҳбасҳо тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя мешуд. Аз рӯзи аввали пайдо шудани беморӣ тамоми қоидаҳо, истифодаи маҳлулҳои зиддисироятӣ, риоят шуда, як муддати муайян дидорбинии онҳо бо наздиконашон манъ шуд. Ҳамаи ин талошҳо барои ин буд, ки шароити нигаҳдории маҳбусон ба сатҳи стандарти байналмилалӣ баробар нест ва мо кӯшиш кардем, сироят ҳар қадар кам бошад”.




Дар Тоҷикистон 19 зиндон ҳаст ва дар онҳо ҳазорон нафар нигаҳ дошта мешаванд. Аммо бархе наздикони маҳбусон ба гуфтаҳои мақомот дар бораи набудани коронавирус дар зиндонҳо аз оғоз шубҳа доштанд. Баҳори соли гузашта, пайвандони чанде аз зиндониён ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, наздиконашон дар маҳбас аз бемории монанд ба СОVID-19 ранҷ мекашанд.


Моҳи октябри соли гузашта ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз вазъи саломатии шавҳараш нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, шавҳараш пас аз гирифторӣ ба беморӣ дар зиндон ҳоли хубе надорад. Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода гуфта буд: “Он кас ба ман гуфтанд, ки ба бемории коронавирус гирифтор шудам, беморам, бемадорам. Вазъам бад аст.”


Аз ин пештар Шуҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллоҳи Раҷаб узви зиндонии дигари ин ҳизб, ки дар зиндони рақами 1 адои ҷазо мекунад дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси рентгени падарашро ба як табиби хориҷӣ нишон дод ва ин пизишк гуфтааст, "90 дарсад падари шумо гирифтори СOVID-19 аст".


Иттилоъ дар бораи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар шароити коронавирус асосан аз суҳбатҳои мақомот ва тамосҳои маҳбусон бо наздиконаш мерасад. Баъзе аз наздикони зиндониён пештар гуфтаанд, баъд аз хуруҷи коронавирус хешовандонашон телефонӣ аз зиндон бо онҳо суҳбат мекунанд.


Онҳо мегуфтанд, ки аз наздиконашон озмоиш нагирифтаанд, аммо вазири адлияи ин иддаоро рад кард. Музаффар Ашуриён гуфт “дар мавридҳое, ки нишонҳои беморӣ дар зиндониён мушоҳида шуда бошад, аз он тест гирифта шуд”. Вазир гуфт, ки бо вуҷуди сабт нашудани ин беморӣ дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон, ҳануз ҳам чораҳои беҳдоштӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ риоя мешавад ва ин ба маънии аз хатар эмин мондан нест.


Дарёфти иттилои воқеӣ ва бетарафона аз дохили зиндонҳои Тоҷикистон имкон надорад, чун ҳеч созмони ҳомии ҳуқуқ имкони боздид аз зиндонҳоро надоранд. Коршинсони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки моҳи май ба Тоҷикистон омаданд, гуфтанд, ба зиндонҳо роҳ наёфтанд.


Моҳи майи соли гузашта дар оғози пайдоиши ин беморӣ дар Тоҷикистон пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон "сабук" ва аз 50-сола боло шуданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъ ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.


Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар як шабонарӯзи ахир дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст нашудааст. Мақомот ҳафтаи сеюм аст, ки аз набуди сирояти коронавирус гузориш медиҳанд, аммо мутахассисон ба ин баёнияҳо ва омори расмии мақомот бовар надоранд. Ба гуфтаи вазорати тандурустӣ, то рӯзи 31-уми январ дар Тоҷикистон 13308 нафар гирифтори коронавируси нав сабт шудааст ва аз н миён 90 нафар ҷон додаанд.


➥ Пурратар...


#канали_расмӣ

https://t.me/joinchat/AAAAAE83HVQshb__OYhznw
342 viewsРадио Озодӣ, 13:25
Ochish/sharhlash