Get Mystery Box with random crypto!

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Telegram kanalining logotibi payomi_qalbho — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Telegram kanalining logotibi payomi_qalbho — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Kanal manzili: @payomi_qalbho
Toifalar: Din
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 212

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

1


Oxirgi xabar

2022-12-03 19:48:22 Шояд чизеро нохуш донед вале дар он хайри шумо бошад

Мардон бояд дар рафтори бади ҳамсаронашон ва аз ин ки ба ӯ писанд нест, сабр дошта бошанд.

عبدالله بن زید قیروانی از علمای بزرگ مالکی مذهب در قرن چهارم همراه با شاگردان خود نشسته بود که فرزندش وارد شد و چنان با او خوش‌رفتاری نمود و پدر را گرامی داشت که باعث شگفتی همه شد.

از وی درباره‌ی رفتار خوب فرزندش پرسیدند. گفت: از نیکی او در حق من تعجب می‌کنید؟ با مادرش بیست یا سی سال زندگی کردم و در این مدت حتی یک سخن خوب به من نگفت اما صبر کردم [و بدی او را با بدی پاسخ ندادم] پس خداوند به جایش به من چیزی را داد که می‌بینید!

Абдуллоҳ ибни Зайди Қирвони аз уламои бузурги молики мазҳаб дар қарни чаҳорум ҳамроҳ бо шогирдони худ нишаста буд, ки фарзандаш ворид шуд ва чунон бо ӯ хушрафтори намуд ва падарро гиромӣ дошт, ки боиси таъҷуби ҳама шуд.

- Аз ӯ дарбораи рафтори хуби фарзандаш пурсиданд гуфт"

"Аз некии ӯ дар ҳаққи ман таъҷуб мекунед?

"Бо модараш бист ё си сол зиндаги кардам ва дар ин муддат ҳато як сухани хуб ба ман нагуфт аммо сабр кардам (ва бадии ӯро бо бади посух надодам) пас Худованд ба ҷояш ба ман чизеро дод ки мебинед"

Аллоҳи мутаол мефармояд:

فَإِن كَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسَىٰ أَن تَكْرَهُوا شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا

«...Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Аллоҳ хайри бисёре дар он ниҳода бошад» Сураи Нисо 19

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дар нашри конал саҳм дошта бошем, садақаи ҷория аст.
@hidoyati_zanon
20 views16:48
Ochish/sharhlash
2022-11-20 22:42:06 Вижагиҳои канал
☆Клипҳои мотиватсионӣ
☆Ҷумлаҳои равоншиносӣ
☆Матнҳои ангезишӣ

https://t.me/AnduhiDil_RK
22 viewsedited  19:42
Ochish/sharhlash
2022-11-13 13:39:49 Баъзе аз ҳарфҳо каломҳо қотиланд :
Як донишҷӯ мегуфт :
Як устоди мо соати занона дошт ва ҳамеша онро мепӯшид , мо механдидем ва масхарааш мекардем .Баъдан фаҳмидем ки он соат аз они духтари фавткардааш будааст .
Дар як синф мӯи сохтаги аз сари як шогирд ба замин афтид ҳамаи шогирдон хандиданд ва масхарааш карданд . Вақте   муаллим хост мӯи сари сохтагиро аз замин бардорад духтарак гуфт :  Муйҳоям дар натиҷаи бемории саратон аз байн рафтааст .

Баъзе вақтҳо ҳарфҳо ва хандаҳои бемаврид дардҳоро зиёдтар мекунанд .
Тифле болои қабри модараш мегирист ва мегуфт : модарҷон бархез дар вазифаи хонагиям ба ман кумак кун . Муаллимаш ӯро дар назди ҳамсинфонаш мезад ва ҳамеша мегуфт : модарат низ танбал ва бепарвост , ки ту ба дарс тайёр намеои .


Ба дурусти ки баъзе аз ҳарфҳо қотиланд
34 views10:39
Ochish/sharhlash
2022-10-05 19:44:32 Се навъ тафаккур, ки намегузоранд орзуҳоятро ҷазб намоӣ:

1. Аҷала дорӣ ва мехоҳӣ, ки зудтар ба он бирасад.
- Ба замонбандии Худованд эътимод надорӣ.

2. Ноумед мешавӣ ва фикр мекунӣ, ки ҳеҷ гоҳ ба он немерасӣ.
- Ба бахшандагии Худованд боварӣ надорӣ.

3. Хостаҳоятро ғайримумкин ва дастнаёфтанӣ медонӣ.
- Аз бузургии Худо ғофил ҳастӣ.
37 views16:44
Ochish/sharhlash
2022-09-02 09:23:38 Ҳаргиз фикр накунед бояд чанд сол пеш шурӯъ мекардед, ин фикр боварҳоятонро хароб мекунад...
Дар ивази ин фикр бигӯед...
Мехоҳам ҳамин ҳоло шурӯъ кунам ва беҳтарин солҳои зиндагиамро халқ кунам.
26 views06:23
Ochish/sharhlash
2022-08-28 15:27:20 Барон Ротшилд, дар китоби “Зарбуламасалҳои муваффақият”, менависад: «Бе зарурият бо ашхос муошират накунед». Мумкин аст каме сарду беэътино ба назар расад, аммо ба хотир дошта бошед, ки зиндагии шумо гаронбаҳо ва арзишманд аст. Зиндагии шуморо дақиқаҳо ва соатҳои ҳар рӯза ташкил медиҳанд. Наметавонед ин замони маҳдудро сарфи муошират бо касоне бикунед, ки на метавонед ба онҳо кумак кунед ва на онҳо метавонанд ба шумо кумак кунанд. Бояд ба диққат аз фурсати худ истифода ва аз он посдорӣ кунед. Бенҷамин Франклин менависад: «Оё зиндагиро дӯст медоред? Пас вақти худро талаф накунед, зеро зиндагӣ аз вақт сохта мешавад».
33 views12:27
Ochish/sharhlash
2022-08-27 18:07:55
39 views15:07
Ochish/sharhlash
2022-08-26 20:31:12

Имом Ғаззолӣ (р.а) мефарояд ки Аллоҳ (т.т) 3-чизро дар 3-чиз пӯшонида аст.

Ризояшро дар тоъаташ: Пас ҳеҷ тоъатеро хӯрд нашумор зеро мумкин ризои Аллоҳ (т.т) дар он бошад.

Ғазабашро дар маъсият: Пас ҳеҷ гуноҳеро хӯрд нашумор зеро имкон дорад ки ғазаби Аллоҳ (т.т) дар он бошад.

Вилоятро дар бандагон: Пас ҳеҷ бандаеро ҳақир нашумор зеро мумкин аст ки яке аз дӯстони Аллоҳ (т.т) бошад.

Арбаъин - Имом Ғаззолӣ (р.а)
48 views17:31
Ochish/sharhlash
2022-08-22 17:17:35 Эй бо ману пинҳон чу дил аз дил саломат мекунам,

Ту Каъбаӣ ҳар ҷо равам қасди мақомат мекунам.

Ҳар ҷо ки ҳастӣ ҳозирӣ аз дур дар мо нозирӣ,

Шаб хона равшан мешавад, чун ёди номат мекунам.

◍⃟ #Мавлоно
25 views14:17
Ochish/sharhlash
2022-08-21 16:01:49 Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

◍⃟ #Мавлоно
38 views13:01
Ochish/sharhlash