Get Mystery Box with random crypto!

ҲИКМАТИ ХАНДА ВА ГИРЯ Донишманде дар назди гурӯҳе аз одамон | Хазинаи Маърифат

ҲИКМАТИ ХАНДА ВА ГИРЯ

Донишманде дар назди гурӯҳе аз одамон латифаеро нақл кард. Ҳозирон аз ханда рӯдакан шуданд. Баъд аз чанд дақиқа донишманд ҳамон латифаро такрор кард. Танҳо чанд нафар табассум карданд. Вақте донишманд маротибаи сеюм ин латифаро нақл кард, касе нахандид.
Донишманди пиру доно гуфт:
“Бо шунидани пайдарҳамии як ҳазл намешавад, ки батакрор хандид, аммо чаро шумо баробари ба ёд овардани як бадбахтӣ борҳо гиря мекунед?”.

@NurTv_99