Get Mystery Box with random crypto!

ПАНД ____ Панди падар ба фарзандаш: Мунтазири ҳеҷ дасте дар ҳ | Хазинаи Маърифат

ПАНД
____
Панди падар ба фарзандаш:

Мунтазири ҳеҷ дасте дар ҳеҷ ҷойе аз ин дунё мабош ва ашкҳоятро бо дастони худат пок кун. (ҳама роҳгузаранд!)

Забон устухон надорад вале онқадар қавӣ аст, кӣ метавонад ба осонӣ қалберо бишканад. (муроқиби ҳарфҳоят бош!)

Ба касоне, кӣ пушти сарат ҳарф мезананд, беэътино бош, онҳоро ҷояшон ҳамонҷо аст, дақиқан пушти сарат. ( гузашт дошта бош!)

Гоҳе Худованд барои ҳифзи ту касе ё чизеро аз ту мегирад, исрор ба баргаштанаш накун, пушаймон хоҳӣ шуд. ( Худованд вуҷуд дорад, пас ҳикматашро қабул кун!)

Умри ман 70 сол аст, вале мисле, кӣ дар 7 дақиқа гузашт, ва ба охир мерасад. (ту дар ин дақиқаҳои кам касеро аз худат нороҳат накун!)

На сафедӣ баёнгари зебоист ва на сиёҳӣ нишонаи зиштӣ, кафан сафед аст, аммо тарснок аст, вале каъба бо он сиёҳӣ маҳбубу дӯстдоштанист. Инсон ба ахлоқаш шинохта мешавад, на ба мазҳараш.

Агар садои баланд нишонаи мардонагӣ буд, саг сарвари мардон мебуд.

Агар бесатрӣ ва урёнӣ зебогии занонро нишон медод, пас маймун аз ҳамаи занон зеботар буд.

Қабл аз ин, кӣ саратро боло бубарӣ ва аз надоштаҳоят пеши Худо шикоят кунӣ, назаре ба поён дошта бош ва барои доштаҳоят шукрона кун.

@NurTv_99