Get Mystery Box with random crypto!

Хазинаи Маърифат

Telegram kanalining logotibi nurtv_99 — Хазинаи Маърифат Х
Telegram kanalining logotibi nurtv_99 — Хазинаи Маърифат
Kanal manzili: @nurtv_99
Toifalar: Din
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 24

Ratings & Reviews

4.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar

2022-10-13 05:00:16 Фоидаҳои хайрия:
• Фариштагон моли ту баракат медиҳанд;
• Ӯ пирӯзии шумо бар шайтонҳост;
• У дармон ва давои хар беморист;
• Ӯ обрӯ ва эҳтироми шуморо нигоҳ медорад;
• Садақаат садде бошад ва туро аз дӯзах ҳифз мекунад;
• Ӯ дар рӯзи қиёмат чатри шумост;
• Он сарвати шуморо афзун мекунад;
• Сахтии дили шуморо нарм мекунад;
• Садақа аз азобу оташи қабр эмин медорад;
• У хато ва гуноҳҳои шуморо маҳв мекунад;

@NurTv_99
3 views02:00
Ochish/sharhlash
2022-10-12 12:44:47 ҲИКМАТИ ХАНДА ВА ГИРЯ

Донишманде дар назди гурӯҳе аз одамон латифаеро нақл кард. Ҳозирон аз ханда рӯдакан шуданд. Баъд аз чанд дақиқа донишманд ҳамон латифаро такрор кард. Танҳо чанд нафар табассум карданд. Вақте донишманд маротибаи сеюм ин латифаро нақл кард, касе нахандид.
Донишманди пиру доно гуфт:
“Бо шунидани пайдарҳамии як ҳазл намешавад, ки батакрор хандид, аммо чаро шумо баробари ба ёд овардани як бадбахтӣ борҳо гиря мекунед?”.

@NurTv_99
3 views09:44
Ochish/sharhlash
2022-10-10 07:33:37 ПАНД
____
Панди падар ба фарзандаш:

Мунтазири ҳеҷ дасте дар ҳеҷ ҷойе аз ин дунё мабош ва ашкҳоятро бо дастони худат пок кун. (ҳама роҳгузаранд!)

Забон устухон надорад вале онқадар қавӣ аст, кӣ метавонад ба осонӣ қалберо бишканад. (муроқиби ҳарфҳоят бош!)

Ба касоне, кӣ пушти сарат ҳарф мезананд, беэътино бош, онҳоро ҷояшон ҳамонҷо аст, дақиқан пушти сарат. ( гузашт дошта бош!)

Гоҳе Худованд барои ҳифзи ту касе ё чизеро аз ту мегирад, исрор ба баргаштанаш накун, пушаймон хоҳӣ шуд. ( Худованд вуҷуд дорад, пас ҳикматашро қабул кун!)

Умри ман 70 сол аст, вале мисле, кӣ дар 7 дақиқа гузашт, ва ба охир мерасад. (ту дар ин дақиқаҳои кам касеро аз худат нороҳат накун!)

На сафедӣ баёнгари зебоист ва на сиёҳӣ нишонаи зиштӣ, кафан сафед аст, аммо тарснок аст, вале каъба бо он сиёҳӣ маҳбубу дӯстдоштанист. Инсон ба ахлоқаш шинохта мешавад, на ба мазҳараш.

Агар садои баланд нишонаи мардонагӣ буд, саг сарвари мардон мебуд.

Агар бесатрӣ ва урёнӣ зебогии занонро нишон медод, пас маймун аз ҳамаи занон зеботар буд.

Қабл аз ин, кӣ саратро боло бубарӣ ва аз надоштаҳоят пеши Худо шикоят кунӣ, назаре ба поён дошта бош ва барои доштаҳоят шукрона кун.

@NurTv_99
4 views04:33
Ochish/sharhlash
2022-10-08 16:07:28 Ё Аллоҳ! Ман аз ту намехоҳам, ки ба ман зиндагии осон бахш, балки аз Ту хоҳиш дорам, ки ба ман қувват бидеҳ, то аз душвориҳои зиндагӣ гузарам. Омин

#Дуо

@NurTv_99
11 views13:07
Ochish/sharhlash
2022-10-08 10:02:19 Ҳикматҳои Луқмони ҳаким

Ҳасад накун. Касеро аз пасаш ғайбат макун. Агар ба ту бадӣ кунад, бахшоянда бош, нағзӣ бинӣ шукр кун, ба балою офатҳо афтӣ, босабр бош.
Ашкҳои худро нигоҳ дор, аз тамаъкорӣ ҳазар кун, зиёрати беморонро канда накун, дар намозҳои ҷаноза ҳозир бош, дили мусибатзадагонро пурс.
Барои бой шудан ба камбағалон ва ниёзмандон ёрдам кун, қарз пурсанд, пулу молатро дареғ надор ва ба онҳо барои хиҷолат нашудан муддат деҳ.
Аз бад дур гард. Он монанди шамшер аст: намудаш зебо, лекин оқибаташ ғамгин.
Ҳеҷ гоҳ бо марди доно баҳс накун, бо золим дўст нашав, одамро насанҷида сиратро нагўй.
Дар давраи олимон бисёртар бош, зеро дилҳо бо ҳикмат зинда аст.
Ба Аллоҳ итоат кун, аз ҳама инсони доно мешавӣ.
Шикам сер шавад, фикр хира мешавад, ҳикмат безабон мемонад, қалб аз ибодат дур мешавад. То сер шудан таом нахўр.
Ба дунё дил мабанд, то ба охиратат зарар нарасад. Аммо ба одамон низ бор шуда дунёро фаромўш накун.
Ба даромад нигоҳ карда харҷ кун. Сарфакор бош. Аммо хасис нашав. Дар ҳар кор мўътадил бош ва роҳи миёнаро интихоб кун. Ба саховатмандӣ одат кун.
Нисбат ба дигарон гумони бад макун. Гумони бад туро ба ҳеҷ кас дўст намекунад.

https://t.me/NurTv_99
7 views07:02
Ochish/sharhlash
2022-10-07 05:48:28 Модар писарашро барои намози субҳ садо кард, аммо у бедор нашуд. Пас аз адои намозаш боз уро бедор кард, аммо писар дубора хобид.
Модар ба маҳалли кораш рафт, вале писарашро барои рафтан ба донишгоҳ бедор накард.
Соати 9 писараш имтиҳон дошт. Вақтеки писар аз хоб хест, соат 9:30 шуда буд. Ба модараш тамос гирифту гуфт: Модар, аз имтиҳон дер мондам, чаро бедорам накарди?
Модар гуфт: Вақте дидам, ки аз имтиҳони охират афтоди, дигар имтиҳони дунё бароям аҳамияте надошт...!

https://t.me/NurTv_99
11 views02:48
Ochish/sharhlash
2022-10-04 15:46:58 1. Хушбахтии хонавода дар ибодат кардани Аллоҳ аст.
2. Иззати хона дар дӯстӣ аст.
3. Сарвати хона дар шодӣ аст.
4. Зебоии хона дар покизагӣ аст.
5. Покии хона дар тақво аст.
6. Ниёзи хона дар маънавиёт аст.
7. Устувории хона дар тарбият аст.
8. Гармии хона дар муҳаббат аст.
9. Дустӣ ва самимияти хона дар муҳаббат аст.
10. Пешрафти хона дар сабр кардан аст.
11. Лаззати хона дар ҳамдигарфаҳмӣ аст.
12. Равшании хона дар оромиш аст.
13. Осудагӣ ва роҳатии хона дар ҳурмат ва дарку фаҳмидан аст.
14. Арзиши хона дар боварӣ ва пушти ҳамдигар будан аст.
15. Саломатии хона дар тозагӣ ва покӣ аст.
16. Сифати хона дар инсоф ва гузашт кардан аст.
17. Шарофати хона дар нони ҳалол аст.
18. Осоиши хона дар анҷоми вазифа аст.


@Kalidi_khushbakhti
6 views12:46
Ochish/sharhlash
2022-10-03 19:33:20
#дуо


@Kalidi_khushbakhti
4 views16:33
Ochish/sharhlash
2022-10-03 11:40:35
@Kalidi_khushbakhti
8 views08:40
Ochish/sharhlash
2022-10-02 17:23:40 Дунё пур аз афроди хуб аст!
Агар наметавони пайдояшон кунӣ, худат яке аз онҳо бош...!

@Kalidi_khushbakhti
6 views14:23
Ochish/sharhlash