Get Mystery Box with random crypto!

Давомаш Ҳафтум: Хоҳари азизам Кушиш кун сатрро ба ҷо ор | 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

Давомаш

Ҳафтум: Хоҳари азизам

Кушиш кун сатрро ба ҷо ори, ҳангоми аз хона берун омадан худро бипушон, кушиш кун ки аз сар то по худро бипушони, ва аз ҳаргуна сатрҳое ки бо ном сатр ҳастанду дар ҳақиқат барои зиннат ҳастанд дур бош, ва кушиш кун ҳатто руятро чуноне бипушони ки туро набинанду ту дигаронро бубини, зеро Паёмбари Акрам(с) фармуданд: ”Ҳангоме, ки зан аз хона берун шавад шайтон уро дар чашми мардони бегона зиннат медиҳад
Бидон хоҳарам ҳарки аз Худованд битарсад уро дар ин амал кумак хоҳад кард

Ва шимҳои тангу кутоҳро ба бар накун, аз ташбеҳ бо мардону занҳои кофира дар ҳазар бош, шарму ҳае‌ро аз даст надеҳ Пае‌мбар (с) дар шарму ҳае‌ аз боҳае‌тарин духтари пушти пардааш бо ҳае‌тар буд

Ин чунин ту эи‌ модари азиз! Аз баромадани духтарҳоят бо шимҳои тангу кутоҳ дар назди Худо масъул ҳасти, кушиш кун ки онҳоро аз хурди аз пушидани чунин либосҳо дур нигоҳ дори, то ки бар чунин либосҳо одат накунанд, чунки агар онҳо дар хурди бо ин гуна либосҳо одат кунанд, дар бузурги бисе‌р мушкил мегардад ки аз ин гуна либосҳо даст кашанд

Ҳаштум: Хоҳари азизам!

Ҳангоми берун рафтан аз атр задани либосҳову баданат бар ҳазар бош, чуноне ки Пае‌мбар (с) мефармояд: "Ҳар як зане ки атрзада аз хонааш берун мешавад ва аз назди мардон мегузарад малоикаҳо уро лаънат хоҳанд кард" ва дар ривояти дигар чунин занро зинокор гуфтааст, пас аз Худо битарс, Худованд туро мувафақ гардонад

Нуҳум: Хоҳари азизам!

Аз шунидани мусиқи дар ҳазар бош, ва ин одатро дар зеҳни фарзандонат нашинон, азобаш бисе‌р шадиду сахт аст, дар дили банда ҳеҷгоҳ муҳабати Қуръону мусиқи якҷоя нахоҳад шуд, мусиқи аз шаи‌тон аст ва Қуръон аз Худованд, аз Пае‌мбар (с) ривоят шудааст ки ҳангоми рафтан ба исро ва меъроҷаш мардумеро диданд ки дар гушҳояшон сурб мерезанд, пурсиданд ки онҳо чи карданд ки чунин азоб мешаванд? Гуфтанд: онҳо касоне буданд ки ба мизмор гуш медоданд (мизмор навъе аз олатҳои мусиқи мебошад) яъне ба мусиқи гуш медоданд

Ва инро бидон, ки ҳарки чизеро ба хотири Худо тарк намояд, Худованд дар ивазаш барои у аз он беҳтарашро насиб мегардонад

Даҳум: Хоҳари азизам!

Ба е‌д ор хоҳари мусулмонам, мо дар ин дуне‌ гузаро ҳастем, ин дуне‌, дуне‌и гузаро аст на ҷои қарор, то замоне ки инро ба е‌д дошта боши хоҳи фаҳмид ки ҳар яки мо хоҳем баргашт, ва хоҳем мурд, ва дигар роҳе вуҷуд надорад, ба е‌д ор куҷо шуданд ҳамаи он дустону хешу таборон? Онҳо рафтанд ва мо аз пушти онҳо хоҳем рафт, ин чиз туро водор месозад ки ҳар чи зие‌д аз Парвардигорат битарси ва уро итоъат намои

Аллоҳ ҳамаи гузаштагонро бо мо дар ҷаннати фирдавсаш якҷо намояд
Ин буд ончи ки бароятон пешкаш кардам ва Худованд донотар аст
Аз Худованд тамонои онро дорам ки аз ман қабул намояд