2023-04-18 16:22:41
Мегӯянд : вақте ҳазрати Мусо (а) ба кӯҳи Тури Сино мерсад , бо хитоб ба Худованд мегуяд :
(Арони ) яъне : бубинамат .
Дар ҷавоб мешунавад :
( Лан- тарони ) ҳаргиз нахоҳи дид !
Ҳоло се шоир се дидгоҳи муттафовут нисбат ба ин моҷаро доранд :
Саъди нигоҳи оқилонае дорад :
Чу раси ба Тури Сино
(Арони) магуву бигзар
Ки наарзад ин таманно
Ба ҷавоби ( Лан-тарони)
Ҳофиз нигоҳи ошиқонае дорад :
Чу раси ба Тури Сино
(Арони ) бигуву бигзар
Ту садои Дуст бишнав
На ҷавоби ( Лан- тарони )
Аммо Мавлоно дидгоҳи орифонае дорад :
(Арони) касе бигӯяд
Ки Туро надида бошад
Ту ки бо мани ҳамеша
Чи ( тари) чи ( Лан - тарони )
1 view_Shukran_, 13:22