Get Mystery Box with random crypto!

1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Раиси Маҷли | Азия-Плюс TJ

1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намудааст: "Бо истифода аз беҳтарин шароити дар ин боргоҳи бузурги таълимӣ фароҳамгардида, дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ҷомеаи имрӯза ба кадрҳои соҳибтахассуси ин даргоҳ ниёз дорад". - омадааст дар хабари дафтари матбуотии президенти кишвар.