Get Mystery Box with random crypto!

Рӯзи дониш. Пагоҳ кадом роҳҳо баста мешавад? Пагоҳ, 1 сентябр | Азия-Плюс TJ

Рӯзи дониш. Пагоҳ кадом роҳҳо баста мешавад?

Пагоҳ, 1 сентябр ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад: роҳ аз хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ то хиёбони Абӯалӣ Ибни Сино (Қарияи Боло) баста мешавад. Дар ин бора аз Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, баста шудани роҳ ба ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар кушодавшавии чанде аз биноҳо, аз ҷумла бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ва суханронӣ дар назди донишҷён ва омӯзгорон, ки ба ифтихори 1 сентябр дарси сулҳ сурат мегирад, рабт дорад.

Гуфта мешавад, ки роҳи мошингард дар масири хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ, Саъдӣ Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, Низомии Ганҷавӣ ва хиёбони Сино баста мешавад.

Раёсати БДА-и пойтахт аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост мекунад, ки ин омилҳоро ба назар гирифта, зимни ба ҷое рафтан аз роҳи кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

@asiaplustj