Get Mystery Box with random crypto!

МУХТАСАРАН БАЪЗЕ АЗ ОДОБҲО ВА АҲКОМИ РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН Такбир | АХЛОҚИ НАКӮ.

МУХТАСАРАН БАЪЗЕ АЗ ОДОБҲО ВА АҲКОМИ РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН

Такбирро бисёр гуфтан.

"أَللّٰهُ أَكبَرُ.. أَللّٰهُ أَكبَرُ.. لَا إِلٰهَ إِِلَّا اللّٰهُ ، أَللّٰهُ أَكبَرُ.. أَللّٰهُ أَكبَرُ.. وَلِلّٰهِ الْحَمدُ"

"Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Ла илаҳа иллалЛоҳ, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Ва лиллаҳи-л-ҳамд."

Тарҷума

"Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст, Нест маъбуде (ибодатшавандае) бар ҳақ магар Аллоҳ, Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст ва танҳо Аллоҳ сазовори ҳамд аст."

Барои хотиррасони ба ибодат ва шукр кардан бо овози баланд такбир гуфтан.

Ғусл (оббозӣ) кардан.

Либоси тоза ва зебо пӯшидан.

Атр ва хушбӯйӣ задан.

Дар рӯзҳои Ид рӯза доштан ҷоиз нест.

Хӯрданро то намози Ид хондан таъхир кардан.

Дар рӯзи иди Қурбон аз гӯшти қурбонӣ хӯрданро оғоз кардан.

Ба Идгоҳ пиёда рафтан.

Занҳо ва кӯдаконро ба Идгоҳ баровардан ва ҳатто занҳои одати моҳона (ҳайз) буда ба Идгоҳ рафтан ҷоиз аст.

Бо роҳе ба Идгоҳ рафтан ва бо роҳи дигаре баргаштан.

Намози Идро дар Идгоҳ хондан.

Намози Идро дар Идгоҳ хондан суннат аст, вале бо сабабе ё узре дар масҷид хондан ҷоиз аст.

Танбеҳ: Бо қадри тавоноӣ барои омода кардани Идгоҳ ба якдигар кӯмак намоед!

Дар Идгоҳ пеш аз намози ид ва баъди он намози нофила нахондан.

Намози Ид азон ва қомат надорад.

Дар ракъати аввал сураи Аъло ва дар ракъати дуюм сураи Ғошияро хондан.

Ё ки дар ракъати аввал сураи Қоф ва дар ракъати дуюм сураи Қамарро хондан суннат аст. Дигар сураҳоро хондан низ ҷоиз аст.

Хутбаи Идро баъди намоз хондан.

Хутбаи имомро гӯш кардан.

Баъди намози Ид қурбонӣ кардан.

Баъди қурбонӣ кардан нохунҳои дасту поро гирифтан.

Табрик ва таҳният кардан.

Саҳобагон разиялЛоҳу анҳум рӯзҳои ид якдигарро рӯбарӯ шаванд мегуфтанд:

تَقَبَّلَ اللَّهُ مِنَّا وَ مِنْكُم

Аллоҳ аз мову шумо (амалҳои солеҳро) қабул намояд.

Бо тӯҳфаҳо ва ҳадияҳо кӯдаконро хурсанд ва хушнуд сохтан.

#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ

АМРИ МАЪРУФ
@Amri_Maruf