Get Mystery Box with random crypto!

ОГОҲӢ! Пагоҳ Ҷумъа 9-уми Зулҳиҷҷа 1443 ҳиҷри қамарӣ (08.07.2 | АХЛОҚИ НАКӮ.

ОГОҲӢ!

Пагоҳ Ҷумъа 9-уми Зулҳиҷҷа 1443 ҳиҷри қамарӣ (08.07.2022) аст.

ПАГОҲ РӮЗИ АРАФА АСТ.

Рӯзаи рӯзи Арафа гуноҳи як сол гузашта ва ояндаро ҷуброн менамояд.

Паёмбар ﷺ дар фазли рӯзаи Рӯзи Арафа фармудаанд:

صِيَامُ يَوْمِ عَرَفَةَ أَحْتَسِبُ عَلَى اللَّهِ أَنْ يُكَفِّرَ السَّنَةَ الَّتِي قَبْلَهُ وَالسَّنَةَ الَّتِي بَعْدَهُ (رواه مسلم)

"Рӯза гирифтани рӯзи Арафа аз Аллоҳ умедворам, ки (гуноҳони) як сол гузашта ва ояндаро ҷуброн (яъне мағфират) менамояд. (Ривояти Муслим)

Рӯзи Арафа бузургтарин (рӯз барои) дуо кардан аст.

Паёмбар ﷺ гуфтаанд:

"Беҳтарин дуо ҳамон дуоест, ки рӯзи Арафа гуфта мешавад. Он дуое, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтанд, беҳтарин дуо аст:

لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ، وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ»

"Лаа илааҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу лаа шарӣка лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъалаа кулли шай-ин қадӣр".

"Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ. Нест шарике барои Ӯ ва аз они Ӯст мулк. Ва аз они Ӯст ситоиш ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност." (Ривояти Тирмизӣ)

Аз Аллоҳ Таъоло пурсонем, ки бар мо тавфиқ диҳад, то ин рӯзи бузурги Арафаро рӯза дошта, дуо бисёр намуда, амалҳои солеҳро холисона ва тибқи суннати саҳеҳи Паёмбар ﷺ амал намоем. Ба он мусалмонзаноне, ки ба сабаби узри шаръи ин рӯзро рӯза дошта наметавонанд, ба зикру ибодтаҳоро кардан тавфиқашонро зиёда гардонад.

•┈┈┈•✿ ✿•┈┈┈•
Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед
@tarbiyai_zanon1