Get Mystery Box with random crypto!

⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо

Telegram kanalining logotibi varzish_tv_news — ⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо
Telegram kanalining logotibi varzish_tv_news — ⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо
Kanal manzili: @varzish_tv_news
Toifalar: Sport
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 538

Ratings & Reviews

4.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar 3

2023-04-28 13:26:14
Дастаи футзали “Истиқлол” ҷамъомади таълимиву тамриниро шурӯъ кард

Дар доираи омодагӣ ба Суперҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол” ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ кард, ки дар маркази таълимии Бонки миллии мамлакат дар Гулистон баргузор мешавад.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
101 views10:26
Ochish/sharhlash
2023-04-28 12:21:08
Президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа имрӯз, 28 апрел бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
103 views09:21
Ochish/sharhlash
2023-04-28 12:15:17
“Бавария” омодааст аз Серҷ Гнабри ҷудо шавад

Дастаи “Бавария”-и шаҳри Мюнхен омодааст, ки аз ҳамлагар Серҷ Гнабри дар трансфери тобистона ҷудо шавад. Дар ин бора рӯзноманигор Флориан Плеттенберг хабар додааст.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
103 views09:15
Ochish/sharhlash
2023-04-28 10:08:16
“Фиорентина” ба финали Ҷоми Италия баромад!

Бозии дастаҳои мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфт. Лек дар бозии аввал дастаи “Фиорентина” дар сафар бо ҳисоби 2 бар 0 музаффарият ба даст оврада буд ва бинбар ин сабаб аз натиҷаи бозии рафту баргашт ба даври ниҳоии Ҷоми Италия роҳ ёфт.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
113 views07:08
Ochish/sharhlash
2023-04-28 09:48:07
Директори бошгоҳи “Равшан” Ғайраталӣ Мираҳмадов аз ҷониби Кумитаи тартиботӣ-интизомии ФФТ танбеҳ гирифт

Директори бошгоҳи «Равшан» Ғайраталӣ Мираҳмадов барои таҳқири шахсони расмӣ аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима шуд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
114 views06:48
Ochish/sharhlash
2023-04-28 09:26:19
Дуюм медали қайиқронҳои мо дар Чемпионати Осиё

Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, дар қисмати дуюми рӯз варзишгарбонувони мо низ дар сабқати каноэи чорнафарӣ (С-4) дар масофаи 500 метр миёни ҷавонони то 18-сола ба гирифтани медали дуюми биринҷӣ даст ёфтанд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
115 views06:26
Ochish/sharhlash
2023-04-28 09:25:08
Пирӯзии ҳангомавии шоҳмотбозбонуи қазоқ бар муқобили қаҳрамони ҷаҳон

Меруерт Камалиденоваи 17-сола - ситораи навтулӯъи шоҳмоти қазоқистонӣ дониста мешавад. Дирӯз варзишгари ҷавон аз пирӯзии ҳангомавӣ бар муқобили қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон Хоу Ифани чиноӣ истиқбол гирифт.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
113 views06:25
Ochish/sharhlash
2023-04-28 09:11:16
Дави миллӣ имсол 21 май баргузор мешавад!

Чорабинии мазкур 21 май дар шаҳри Душанбе, соати 07:30 аз назди Донишгоҳи аграрӣ, тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» доир мешавад.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
112 views06:11
Ochish/sharhlash
2023-04-27 17:09:16
Давлат Бобонов дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон иштирок намекунад!

Қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба ҷудо – Давлат Бобонов эҳтимол аст, ки дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Доҳа ширкат наварзад. Дар ин бора саҳифаҳои ҷудои кишвари Ӯзбекистон иттилоъ додаанд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
137 views14:09
Ochish/sharhlash
2023-04-27 12:15:17
Баскетболбозони “Голден Стэйт” муқобили “Сакраменто” зафар ёфтанд

Дар шаҳри Сакраментои ИМА дар варзишгоҳи “Голден Уан-сентр“ бозии панҷум дар даври аввали плей-оффи Ассотсиатсияи миллии баскетбол дар конфронси ғарбӣ миёни дастаҳои «Сакраменто Кингз» ва «Голден Стэйт Уорриорз» баргузор шуд. Вохӯрӣ дастаҳои бо ҳисоби 123:116 бо пирӯзии меҳмонон анҷом ёфт.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
139 views09:15
Ochish/sharhlash