Get Mystery Box with random crypto!

⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо

Telegram kanalining logotibi varzish_tv_news — ⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо
Telegram kanalining logotibi varzish_tv_news — ⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо
Kanal manzili: @varzish_tv_news
Toifalar: Sport
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 538

Ratings & Reviews

4.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar 8

2023-04-17 15:53:08
Натиҷаҳои бозиҳои рӯзи аввали даври плей-оффи NBA

Дар бозии охир дифоъгар Ҷамол Мюррей бо 24 хол, 8 бозёти тӯб ва 8 ассист беҳтарин нишонзани тими “Денвер” буд. Инчунин, Майкл Портер ва Никола Йокич, ки дар давоми бозӣ натиҷаи беҳтарро нишон доданд ва метавонанд ба бозиашон таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб намоянд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
169 views12:53
Ochish/sharhlash
2023-04-17 12:49:07
Дар бозии дастаҳои “Денер” ва “Миннесота” байни баскетболбозон задухӯрд ба амал омад

Андерсон дар як таваққуфи бозӣ пас аз бохти "Гургҳо" тӯбро ба ҳариф додан намехост, ки аз ин рӯ бо як бозигари ҳариф даст ба гиребон шуд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
171 views09:49
Ochish/sharhlash
2023-04-17 12:11:18
КМВА дар оғози мавсим бидуни сармураббӣ монд

Сармураббии дастаи Клуби марказии варзиши артиш – Аҳлиддин Тӯрдиев бо хоҳиши худ аз симати сармураббигии даста истеъфо дод. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳ хабар додааст


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
165 views09:11
Ochish/sharhlash
2023-04-17 07:04:17
Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Доҳа иштирок мекунанд

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мешавад.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
32 views04:04
Ochish/sharhlash
2023-04-17 06:35:15
Андрей Рублёв ғолиби мусобиқаи ATP Rolex Monte-Carlo Masters

Теннисбози 25 солаи рус Андрей Рублёв (ракеткаи 6-уми ҷаҳон) дар даври ниҳоии мусобиқаи ATP Rolex Monte-Carlo Masters муқобили ракеткаи 9-уми ҷаҳон Холгер Рунеи даниягӣ музаффарият ба даст оварда, қаҳрамонӣ мусобиқа гардид.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
41 views03:35
Ochish/sharhlash
2023-04-15 17:08:16
Бозии рӯз: “Регар-ТадАЗ” – “Эсхата”, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз мегарданд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бо “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи “Талко Арена”-и шаҳри Турсунзода ба ҳам меоянд. Ин рақобатро шабакаи “Варзиш” соати 16:30 ба таври мустақим намоиш медиҳад.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
138 views14:08
Ochish/sharhlash
2023-04-15 10:07:16
Доварони бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон-2023 муайян шуданд

Шахсони расмӣ – доварон, нозирон ва комиссарони бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон-2023 тасдиқ гардиданд. Вохӯриҳои даври навбатии лигаи олӣ рӯзҳои 15 ва 16 апрел баргузор мешаванд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
47 views07:07
Ochish/sharhlash
2023-04-14 15:00:08
Андрей Рублёв аввалин шуда, ба ниманиҳоии ATP Rolex Monte-Carlo Masters роҳ ёфт

Ҳамакнун, дар даври нимниҳоӣ Андрей Рублёв (ракеткаи 6-уми ҷаҳон) бо ғолиби ҷуфти Тейлор Фритс аз Амрико ва Стефанос Тситсипас аз Юнон рақобат мекунад.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
111 views12:00
Ochish/sharhlash
2023-04-14 13:03:09
Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Муҳсинҷон Абдуғаффоров барои расонидани фишори ҷисмонӣ ба ҳариф дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Файзканд» (2 апрел), аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
124 views10:03
Ochish/sharhlash
2023-04-14 09:12:21
Непомняший дар даври чоруми бозӣ баҳри унвони қаҳрамонӣ шикаст хӯрд

Даври чоруми бозӣ баҳри тоҷи ҷаҳонии шоҳмот миёни Ян Непомняшийи рус ва Дин Лижэни чиноӣ бо пирӯзии шоҳмотбози чиноӣ хотима ёфт. Бозиҳо айни ҳол дар шаҳри Остонаи Қазоқистон идома доранд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
132 views06:12
Ochish/sharhlash