Get Mystery Box with random crypto!

Ҳикматҳои Луқмони ҳаким Ҳасад накун. Касеро аз пасаш ғайбат м | Хазинаи Маърифат

Ҳикматҳои Луқмони ҳаким

Ҳасад накун. Касеро аз пасаш ғайбат макун. Агар ба ту бадӣ кунад, бахшоянда бош, нағзӣ бинӣ шукр кун, ба балою офатҳо афтӣ, босабр бош.
Ашкҳои худро нигоҳ дор, аз тамаъкорӣ ҳазар кун, зиёрати беморонро канда накун, дар намозҳои ҷаноза ҳозир бош, дили мусибатзадагонро пурс.
Барои бой шудан ба камбағалон ва ниёзмандон ёрдам кун, қарз пурсанд, пулу молатро дареғ надор ва ба онҳо барои хиҷолат нашудан муддат деҳ.
Аз бад дур гард. Он монанди шамшер аст: намудаш зебо, лекин оқибаташ ғамгин.
Ҳеҷ гоҳ бо марди доно баҳс накун, бо золим дўст нашав, одамро насанҷида сиратро нагўй.
Дар давраи олимон бисёртар бош, зеро дилҳо бо ҳикмат зинда аст.
Ба Аллоҳ итоат кун, аз ҳама инсони доно мешавӣ.
Шикам сер шавад, фикр хира мешавад, ҳикмат безабон мемонад, қалб аз ибодат дур мешавад. То сер шудан таом нахўр.
Ба дунё дил мабанд, то ба охиратат зарар нарасад. Аммо ба одамон низ бор шуда дунёро фаромўш накун.
Ба даромад нигоҳ карда харҷ кун. Сарфакор бош. Аммо хасис нашав. Дар ҳар кор мўътадил бош ва роҳи миёнаро интихоб кун. Ба саховатмандӣ одат кун.
Нисбат ба дигарон гумони бад макун. Гумони бад туро ба ҳеҷ кас дўст намекунад.

https://t.me/NurTv_99