Get Mystery Box with random crypto!

Ҷашни истиқлоли ту бодо муборак Кишварам, Аз барои ман ту ҳаст | Медони ё не?

Ҷашни истиқлоли ту бодо муборак Кишварам,
Аз барои ман ту ҳастӣ меҳрубон чун модарам.
Аз ҳавои софи ту озод мегирам нафас ,
Бо пару боли қавӣ андар сармоят мепарам.
Ҷашни истиқлоли ту маънои озодии мост,
Гирам илҳом аз шукуфтанҳои ту шеър офарам.
Ишқи волои ту афзун мекунад меҳри маро,
Ҳадя месозам ба васфат ҷон Ватан шеъри тарам.
Заррина Раҳматова.