Get Mystery Box with random crypto!

Ғазал Эй кишвари азизам, иди зафар муборак, Аз шоми тирарӯе рӯ | Медони ё не?

Ғазал
Эй кишвари азизам, иди зафар муборак,
Аз шоми тирарӯе рӯ бар саҳар муборак.

Умре будӣ шикаста, дар гӯшае нишаста,
Аз бандагӣ ба ҳурӣ некӯ сафар муборак.

Озодӣ нур бахшад бар чашму бар дили мо,
Ҳар дидаро бигӯям : ” Нури назар муборак ”

Мустаъқилии моро халқи ҷаҳон пазируфт,
Ҳар дам дуои неки аҳли башар муборак.

Чун сорбони доно сарвар муяссари мост,
Гултоҷи хусравонӣ бар фарқи сар муборак.

Фарзандҳои моро ояндае дурахшон,
Дар боғҳои Меҳан гулҳои тар муборак.

Васфи Ватан ба дилҳо малҳам шавад, Саодат,
Дар ин ғазал, ки суфтӣ дурру гуҳар, муборак!

САОДАТ САНГИНОВА.