Get Mystery Box with random crypto!

То кай бувед аз ҳама дур, эй бародарон, Гӯрӣ кунед то дари гӯр | Медони ё не?

То кай бувед аз ҳама дур, эй бародарон,
Гӯрӣ кунед то дари гӯр, эй бародарон!

Шохи ҷавонии шумо нашкаста, оваред
Баргу навои шодию сур, эй бародарон!

Аз ҷангуҷӯшу зӯрии ноҷоятон чӣ суд,
Чун нестед аз худо зӯр, эй бародарон!

Захма ба захми синаи хунин чӣ мезанед,
Созед торҳои дил ҷӯр, эй бародарон!

Бо чанд ҳарфи нарм зи аъмоқи ҷону дил
Гармо диҳед бар тани ур, эй бародарон!

Бо ормони равшану ояндабини хеш
Бино кунед ҳар дили кӯр, эй бародарон!

Он санги дил ба шишаи ин дил чӣ мезанед?
Иншо кунед маъбади нур, эй бародарон!

Узр оваред аз сари мардонагӣ яке
Озурдаед гар дили мӯр, эй бародарон!

Як шӯрабахт то шавад хушбахт, бигзаред
Аз ин ғиреву ғулғули шӯр, эй бародарон!

Лоиқ Шералӣ