Get Mystery Box with random crypto!

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ, Чун гул ба чаман ҳавола будӣ. Ва акн | Медони ё не?

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Ва акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.

Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
Фарзанди хисоли хештан бош.
Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
То маънии он тамом донӣ.

Низомии Ганҷавӣ.

            ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM