Get Mystery Box with random crypto!

Гуфтам: Эй симзақан! Гуфт: Киро мегӯйӣ? Гуфтам: Эй аҳдшикан! | Медони ё не?

Гуфтам: Эй симзақан! Гуфт: Киро мегӯйӣ?
Гуфтам: Эй аҳдшикан! Гуфт: Чиҳо мегӯйӣ?

Гуфтам: Эй он, ки надорӣ сари як мӯй вафо!
Гуфт: Маълум шуд акнун, ки маро мегӯйӣ.

Гуфтам: Эй ҷон, зи дили сахти ту фарёд маро!
Гуфт: бо ман сухани сахт чаро мегӯйӣ?

Гуфтам: Аз бод насими ту шунидан чӣ хуш аст!
Гуфт: То кай сухан аз боди ҳаво мегӯйӣ?

Гуфтам: Он зулфи парешони ту ё мушки Хатост?
Гуфт: То чанд парешону хато мегӯйӣ?

Гуфтам: Аз дасти дили худ ба ҳалокам розӣ.
Гуфт: Ин худ зи забони дили мо мегӯйӣ.

Гуфтамаш: Кай расад аз бахт паёме ба Камол?
Гуфт: Он лаҳза, ки аз мо-ш саломе гӯйӣ.

КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

https://t.me/Xirad