Get Mystery Box with random crypto!

Соҳибдиле рӯзе ба писараш гуфт: Фарзандам, биё бо ҳам ба боғ м | Медони ё не?

Соҳибдиле рӯзе ба писараш гуфт: Фарзандам, биё бо ҳам ба боғ меравем то каме сайр кунем.
Писар бо хушҳолӣ пазируфт ва онҳо сӯи боғ равон шуданд.
Дар роҳ падар даст бар ҷайб бурд ва якчанд сиккаи тилло берун овард ва гуфт: Писарам, мехоҳӣ туро панде диҳам, ки умре ба корат ояд ва ё ин сиккаҳоро диҳам, то мушкиле аз мушкилоти зиндагиатро рафъ кунӣ?
Писар гуфт: Сиккаҳоро намехоҳам падар, ба ман пандро биомӯз, ки умре ба корам ояд.
Падар гуфт: Сиккаҳоро гир.
Писар пурсид: Яъне ҳеҷ панде надоред?
Падар гуфт: Вақте ту сиккаҳоро гузоштӣ ва талабгори панд шудӣ, яъне медонӣ, ки пулро куҷо ва чӣ гуна сарф намоӣ. Ва ин бузургтарин панди ман барои ту буд.
Писарам, бидон, ки агар моли дунёро раҳо кунӣ ва рӯ бо илму ҳикмат оварӣ, дунё худаш ба ту рӯ мекунад. Аммо агар танҳо аз пайи дунё шавӣ, яқин бидон, ки илму ҳикмат аз ту рӯ мегардонад......(?)

Аз саҳифаи
"Олами табиат"