Get Mystery Box with random crypto!

dushanbepolice

Telegram kanalining logotibi dushanbepolic — dushanbepolice D
Telegram kanalining logotibi dushanbepolic — dushanbepolice
Kanal manzili: @dushanbepolic
Toifalar: Yangiliklar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 13.11K
Kanalning ta’rifi

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ratings & Reviews

4.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar 2

2022-12-15 08:01:18
Ошкор шудани силсилақаллобии марди 33-сола

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022 марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 300 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи майи соли 2022 ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 112 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Номбурда бо ҳамин роҳ 16-уми марти соли 2022 ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 500 ҳазор рубли русӣ ва 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
3.9K views05:01
Ochish/sharhlash
2022-12-13 10:21:04
15-шабонарӯз ҳабси маъмурии қиморбоз

Дар натиҷаи пешбурди фаъолияти хизматӣ аз ҷониби кормандони милитсия, шаҳрванд Валиев Фирӯзбек Идибекович, санаи таваллудаш 04.01.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев барои машғул шудан ба қиморбозӣ дастгир карда шуд.
Гарчанде қаблан нисбати Валиев Фирӯзбек чандин маротиба барои ба қиморбозӣ машғул шудан, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, вале номбурда аз ин амали мардумфиребонаи худ даст накашида, боз дар маконҳои ҷамъшавии одамон ба ин амали ношоям машғул шудааст.
Ин навбат санаи 12-уми декабри соли ҷорӣ, дар назди бозори «Ганҷина» ҳангоми ба қиморбозии ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» машғул гардидан, аз ҷониби кормандони милисия дастгир карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали мардумфиребӣ машғул нагардидан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.
4.1K views07:21
Ochish/sharhlash
2022-12-12 09:05:18
Ошкор шудани дуздии ҷавоҳирот аз дукони заргарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан соатҳои 02:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони заргариаш, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни нуқрагӣ ва тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 141 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
4.2K views06:05
Ochish/sharhlash
2022-12-10 08:47:35
Мусодираи беш аз 18-ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ
4.4K views05:47
Ochish/sharhlash
2022-12-09 17:19:18
Самадова бори дуюм Ҷоми ҷаҳон оид ба боксро ба даст овард

Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ҷаҳон оид ба бокс медали тилло ба даст овард.

19-умин Ҷоми Ҷаҳони бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, дар минтақаи Белоярски Руссия рӯзи 5-ум оғоз шуда, то 11-уми моҳи ҷорӣ идома мекунад.

Дар мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва шаш вазн миёни занон ҷараён дорад.

Самадова дар вазни 57 кило баромад намуда, то финал бар боксчиёни кишварҳои Беларуссия ва Руссия дастболо шуд.

Варзишгари тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар мизбони мусобиқа Евгения Лочканова (Руссия) ғалаба ба даст овард.

Миҷгона Самадова соли дуюм аст, ки пайдарҳам ба гирифтани медали тиллои Ҷоми Ҷаҳон даст меёбад.

Соли гузашта низ дар ин мусобиқа муштзани тоҷик мақоми аввалро ба даст оварда буд.
39.7K views14:19
Ochish/sharhlash
2022-12-05 11:57:02
Даст ба ғоратгарӣ задани марди 27-сола

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 3-юми декабри соли 2022, тахминан соати 04:44-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомии пойтахт қарор доштанаш, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-А32»-ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад
5.2K views08:57
Ochish/sharhlash