Get Mystery Box with random crypto!

dushanbepolice

Telegram kanalining logotibi dushanbepolic — dushanbepolice D
Telegram kanalining logotibi dushanbepolic — dushanbepolice
Kanal manzili: @dushanbepolic
Toifalar: Yangiliklar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 13.11K
Kanalning ta’rifi

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ratings & Reviews

4.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar

2022-12-28 19:45:40
Таассуроти хотирмони наврасон аз тамошои намоишномаи театри Лӯхтак
3.3K views16:45
Ochish/sharhlash
2022-12-28 08:03:44 Амалиёти махсуси милитсия: боздошт ва ҳабси 3-нафар қиморбоз

Қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» падидаи номатлуб ва ғайриқонуниест, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасанд. Гарчанданде, кормандони мақомоти милитсия пайваста рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида, чунин афродро ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд, ҳам вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз такроран ба ин амали мардумфиребона машғул мегарданд.
Бо мақсади пурра решакан намудани ин кирдори номатлуб ва ба инобат гирифтани дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милистия пойтахт, дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейду амалиёти махсус роҳандозӣ гардида истодааст.
Аз ҷумла, дар ҷараёни ин амалиёти санҷишӣ 3-нафар қиморбоз шаҳрвандон; Юнусов Самандар Сафаралиевич, санаи тавалудаш 08.09.1995, Ризоев Комил Нуралиевич, санаи таваллудаш 15.10.1984 ва Шарофиддини Иноятшоҳ, санаи таваллудаш 26.11.2000 дастгир карда шуданд.
Гарчанде, номбурдагон қаблан низ барои ин кирдор ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида, ҷиҳати минбаъд такрор накардан расман огоҳ карда шуда бошанд, ҳам вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз ба қиморбозӣ машғул шудаанд.
Вобаста ба ин, нисбати номбурдагон барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарорҳои Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 ва 15 шабонарӯзӣ  таъин карда шуданд.
Бо назардошти ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои кулли сокинону мехмони пойтахт мерасонад, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.
6.3K views05:03
Ochish/sharhlash
2022-12-28 08:03:40
6.1K views05:03
Ochish/sharhlash
2022-12-27 08:06:53
Мусодираи беш аз як миллион маводҳои тарфгарӣ
6.2K views05:06
Ochish/sharhlash
2022-12-25 20:40:49
Шоми 25-уми декабри соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як нафар ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон инъикос ёфтааст.
Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҳолати ҷинояти мазкур пурра муайян карда шуда, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудаанд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дақиқа дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №77, №78 ва №57, ки бо ҳамдигар рафиқанд бо маслиҳати пешакӣ як нафар хонандаи синфи 8-уми МТМУ №5-ро мавриди латукӯби шадид қарор дода, ҳамзамон ҳолати авбошии худро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
Айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
5.9K views17:40
Ochish/sharhlash
2022-12-24 04:34:41
Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.
5.8K views01:34
Ochish/sharhlash
2022-12-19 10:20:54
Оромию осоиштаҳолии шаҳрвандон мароми мост!

Пешгирии муомилоту истифодаи ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ, кафили таъмини оромии шаҳрвандон дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодист.
6.9K views07:20
Ochish/sharhlash
2022-12-15 15:09:22 Боздошти ронандаи «такси» дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор

Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва бартарафсозии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт рейду амалиётҳои санҷишӣ баргузор карда мешавад, ки қоидавайронкуниҳои гуногун ошкор карда шуда, нисбати ронандагон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.
Аз ҷумла, дар натиҷаи пешбурди фаъолияти хизматӣ аз ҷониби нозирони бозрасӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла» рақамҳои қайди давлатиаш 7032ТТ05, Назризода Абубакр Раҳмоналӣ, ки дар ҶДММ «Сайёҳон» ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул аст, бо гумони идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ боздошт карда шуд.
Дар натиҷаи ташхис муайян гардид, ки номбурда дар ҳақиқат дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, воситаҳои нашъадори навъи «бангдона» истемол кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назризода Абубакр тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҳамзамон бо мақсади муайян намудани сарчашмаи паҳнкунандаи воситаҳои нашъадор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дорад.
Қобили зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад.
7.1K views12:09
Ochish/sharhlash
2022-12-15 15:09:20
5.1K views12:09
Ochish/sharhlash
2022-12-15 14:58:41
Санҷиши навори садама

Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 12:30 дақиқа рух дода, аз ҷониби кормандони бозрасӣ ҳамчун садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Чуноне дар навор низ дида мешавад, санаи мазкур ронандаи автомашинаи тамғаи «Волсваген», рақамҳои қайди давлатиаш 2020КJ01 шаҳрванд Нуруллозода Саҳобиддин Манучеҳр, санаи таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҳамадонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, як нафар марди 33-солаи роҳгузарро бо қисмати пеши автомашинаи худ пахш намудааст.
Хушбахтона, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, ҳамзамон бо мақсади расонидани кумакҳои тиббӣ ҷабрдида аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас карда мешавад. 
Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳодисаи мазкур алакай пурра мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба Суд ирсол карда шуд.
5.0K views11:58
Ochish/sharhlash