Get Mystery Box with random crypto!

Витамини D дар таркиби равғани моҳӣ, ҷигар, зардии тухми мурғ | БИОЛОГИЯ ВА АНАТОМИЯ

Витамини D дар таркиби равғани моҳӣ, ҷигар, зардии тухми мурғ ва дигар маҳсулот мавҷуд аст. Агар дар хӱрок витамини D набошад, кўдакон дучори бемории чиллаашӱр (рахит) мегарданд. Дар ҳолати ба ин дард гирифтор шудан миқдори намакҳо дар устухон кам мешавад, инкишофи кўдак суст шуда, скелеташ нодуруст ташаккул меёбад. Пойи кўдакони бемории чиллаашӱр (рахит) кач шуда, сар ва шикамашон калон мешавад ва қафаси синаашон тагйир меёбад. Чунин кўдакон бемориҳои гуногун зуд гирифтор мешаванд. Бо таъсири офтоб дар пўсти одамон моддае пайдо шуда, ба витамини D мубаддал мегардад. Бинобар ин пўсти кудакони хурдсол ба таъсири мӱътадили нури офтоб эҳтиёҷ дорад. Витаминҳо барои фаъолияти ҳаётгузарони заруранд, вале миқдори барзиёди онҳо мумкин аст боиси вайроншавии ҷиддии организм гардад. Бинобар ин витаминҳои сунъиро аз ҳад зиёд истифода кардан мумкин нест.
@biologiy_anatomiy

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | БИОЛОГИЯ ВА АНАТОМИЯ