Get Mystery Box with random crypto!

25: Дар назари дигарон шарики зиндагии худро ночиз нашуморед. | ДОНИШҶӮИ ФАОЛ💕💕

25: Дар назари дигарон шарики зиндагии худро ночиз нашуморед.
26: Дар зиндагии худ роҳи ҳалолро пеша созед.
27: Бо истифода аз шодиҳои зиндагӣ рӯзе як соат бар зиндагии заношӯй суҳбат кунед.
28: Бадбинӣ, тарс, ваҳшат, изтироб, тарс, нигаронӣ, ғаму андӯҳ, чи воқеъӣ бошанд ё дар олами хаёл, асароти шум ва мухарриби худро дар ҷисму равони зиндагии заношуй мегузорад ва таъсираш дар тифли дар ба модар буда мерасад.
29: Шароити зиндагиро тавре муҳайё созем, ки шарики зиндагиямон дучори естресу таниш нагардад, Зеро фишори руҳй ва парешонии андеша аз ҳар чизи дигаре аз авомили сактаи магзй ба шумор таъсир мекунад.
30: Агар як нисф лимуоб доред, ба нимаи пури он бингаред.
31: Дар ҳадди маъқул ва мантиқӣ, барои солрӯзи издивоҷи худ ва рӯзи таваллуди ҳамсаратон туҳфа кунед.
32: Барои масоили пучу беарзиш асабонӣ нашавед ва нхтилофҳои гузаштаро фаромӯш кунед.
33: Агар бо мушкилоти зиндагй наметавонед биҷангед, онҳоро ҳарчӣ зудтар фаромӯш кунед.
34: Ба ҳурмати ҳамдигар эҳтиром бигзоред.
35: Баъд аз издивоҷ бояд саъю кушиши худро то ҳадди имкон ба кор бибандед то тафоҳуме, ки дар ибтидо байни шумо буда ҳамеша вуҷуд дошта бошад.
36: Тарсу ваҳшат аз зоймон худ муҷиби зиёд шудани дардмегардад.
37: Нишот нишонаи саодату саломатй, ба вуҷуд оварандаи фаъолият, аломати ҷавонй ва лозимаи зиндагӣ ба шумор меояд.
38: Бар асоси пажуҳишҳои анҷомшуда, зиндагии ашхоси муҷаррад он тавре, ки дигарон аз дур қазоват мекунанд, чандон хӯш нест, балки мизони марги онҳо беш аз ду баробари афроди мутааҳҳил дар 25 то 35 солагӣ мебошад.
39: Бар пояи таҳқиқоти суратгирифта, шуридагии андеша ва естирес дар афзоиши мизони холестирилаи хун чи дар инсон ва чи дар ҳайвон нақш дорад.
40: Марде, ки ҳангоми кор бо авомили мухталиф ва номулоимоти гуногун мувоҷеҳ мешавад замоне, ки дар поини рӯз ва хотимаи кор ба манзили худ, ки хонаи умедаш аст бармегардад ва дар оғӯши зане, ки ӯро аз самими қалб дӯст дорад, қарор мегирад, оромиш ва осоиши куллӣ пайдо мекунад.
41: Занон нерӯйи ҳаёти бештаре аз мардон доранд.
42: Зане, ки дар тамоми рӯз бо тааҳҳудот ва вазоифи сангини хонадорй ва тарбияти фарзандон рӯбарӯст, вақте, ки шавҳараш аз кор бармегардад ва аз ӯ ва корҳояш ташаккур мекунад, тамоми хастагиҳояш аз байн меравад.
43: Ба ақидаи дуктур Лорине Голтун, ғаризаи ҷинсӣ қудрати нопазирй барои осон кардани фишорҳо ва ранҷҳо ва оломи зиндагӣ дорад. Пас, ибрози муҳаббати гарм ва тавъам бо ҷозиба, ишқу маънавият умрро тулонитар, самарбахштар, ширинтар ва муфидтар мекунад ва ҳатто дар 100 солагӣ ва баъд аз он ҳам на аз қудрати бадании мард вазн кам мешавад ва на аз тули умри онҳо.
44: Миқдори сухт ва сози асосй байни ду ҷинс зану мард мутафовит аст ва маъмулан, дар занон камтар аз мардон мебошад.
45: Сохтумон ва устухонбандии зану мард бо ҳам фарқ дорад.
46: Занон баъзе вазифаҳои вижа доранд, монанди одати моҳона, обастанӣ ва шир додан, ки дар рафтор, хуй ва эҳсосҳои онҳо таъсиргузор аст.
47: Дар занҳо ғудцаи тираваид бузургтар аст ва фаъолияти он муҷиби бурӯзи тафовутҳо дар ҷисм ва авотифи занон мегардад.
48: Дар хуни занон микдори об бештар аст, вале 20 дарсади гулбули местриасия камтар мебошад. Лизо, занон зудтар аз мардон хаста мешаванд ва қудрати таҳаммули заҳматро надоранд.
49: Ҳаргиз ба фикри марг набуда ва ҳамвора умед дошта бошед, ки солиёни сол (садҳо сол) умр хоҳед кард.
50: Муҳити хона ва хулқу хӯйи зан дар саломатии аъсоб ва дарозӣ ё кутоҳии умри мард таъсири мустақим дорад.