Get Mystery Box with random crypto!

1: Дар интихоби ҳамсар ба андозаи лозим тааммул ва диққат куне | ДОНИШҶӮИ ФАОЛ💕💕

1: Дар интихоби ҳамсар ба андозаи лозим тааммул ва диққат кунед.
2: Зан ё шавҳареро, ки барои зиндагй интихоб мекунед ба суйи худ ҷалб намоед ва аз волидайн дуои хайр гиред.
3: Барои издивоҷи худ шахсеро интихоб кунед, ки вафодор, меҳрабон, кушодадаст, зебо ва дорои имони дарунй ба Худованд бошад.
4: Издивоҷе, ки бар асоси пул, шуғл, мақому масоили модцй ба вуҷуд омада бошад наметавонад пайванди муҳками ошиқона ва меҳромез бошад.
5: Ҳар мард ва зане бояд аз лиҳози зеҳнй ва ахлоқй бо ҳамдигар тавофуқ дошта бошанд, донишманд бошанд.
6: Аз шак(ҳои) шадиди отифй дар зиндагиатон парҳез намоед ва бар ҳаяҷонҳои худ оромона муносибат кунед.
7: Ҳамвора назм, тартиб ва диққатро дар корҳои худ риоят кунед.
8: Бо наздикони худ рафтуомад намоед аз гӯшанишинй ва танҳой бипарҳезед ва дасткушод бошед.
9: Изтироб ва нигарониро аз ҳамсари худ дур кунед ва дар умури заношуйй асаёонияти зиёд ба харҷ надиҳед.
10: Бо ҳамсари худ оташмизоҷ ва хашмгин набошед.
11: Сураи Рум ояти 21: “Ва аз чумлаи оёти ин аст, ки барои шумо аз навъи худатон ҳамсароне офарид, ки бо онон ором гиред ва дар миёни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ афканд; ва дар ин амр барои андешварон мояҳои ибрат аст”.
12: Корҳои ҳамдигарро ба ҳисоб оваред ва қадр кунед.
13: Баъд аз издивоҷ оҳу афсӯси шахси дигареро нахӯред, ки чаро ба хостгории фалон шахс нарафтам.
14: Зан бояд барои марди худ зинат кунад ва бо сафо, муҳаббат ва шодобй бо ӯ бархӯрд намояд.
15: Зан эҳтиёҷ ба муҳаббат дорад, бояд эҳсос кунад, ки шавҳараш ба вай алок- манд аст.
16: Ҳаргиз дурӯғ нагӯ.
17: Ваъдаҳои мантиқй бидиҳед ва ба онҳо амал кунед.
18: Саломатии ҷисмонй ва равонии модар дар даврони ҳомилагй, ҷараёни матлуби онро тасҳил мекунад.
19: Тафаккур ва андешаи мусбат роҳи ҳалли мушкилоти зиндагонӣ аст. Лизо, бояд ба андозаи лозим хӯшбин ва хӯшнигар буд.
20: Гуфтаҳои талх ва тундро ба суръат фаромӯш кунед ва ба ҳамдигар носазо нагӯед.
21: Доштани эҳсоси кина, нафрат, буғзу интиқомҷуйӣ, хушбахтии ду мавҷудеро, ки бо ишқу муҳаббат зиндагиро шурӯъ карда буданд, барҳам хоҳад зад.
22: Дар ҳузури дигарон доиман, бадгӯӣ накунед.
23: Рози дили зиндагии заношӯйи хешро ба дигарон насупоред ва асрори якдигарро муҳтарам бишуморед (бо фош кардани асрори зиндагй эътимоди мобайни як завҷ аз байн хоҳад рафт).
24: Агар аз ихтилофҳо ва мушоҷараҳои хонаводагии худ бо дӯстон ва ошноён суҳбат кунед, ин бузургтарин айбе аст, ки шумо доред ва бояд дар рафъи он кушиш кунед.
25: Дар назари дигарон шарики зиндагии худро ночиз нашуморед.