Get Mystery Box with random crypto!

⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо

Telegram kanalining logotibi varzish_tv_news — ⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо
Telegram kanalining logotibi varzish_tv_news — ⚽️ Варзиш ТВ | 📺 Хабарҳо
Kanal manzili: @varzish_tv_news
Toifalar: Sport
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 538

Ratings & Reviews

4.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar

2023-06-23 06:47:15
23 июн – Рӯзи ҳаракати олимпӣ

Аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1894 дар Юнон бо иштироки 241 варзишгар аз 14 давлат баргузор шуд. Онҳо аз рӯи 9 намуди варзиш барои медалҳо рақобат намуданд. Баъд аз бештар аз 100 сол, дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Юнон наздики 15 000 варзишгар аз 202 давлат дар 28 намуди варзиш ширкат карданд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
15 views03:47
Ochish/sharhlash
2023-06-23 06:38:14
Мавсими имсолаи Лигаи Чемпионҳои Осиё кай оғоз мешавад?!

Дастаи «Ал Наср», ки дар ҳайати он Криштиану Роналду ҳунарнамоӣ мекунад, иштирокашро дар Лигаи Қаҳрамонон аз марҳалаи интихобӣ шурӯъ мекунад. Дастаи «Ал Иттиҳод», ки чанде қабл бозикуни алҷазоиртабори фаронсавӣ Карим Бензема ба ҳайати он пайваст, аллакай ба марҳалаи гурӯҳӣ роҳ ёфтааст.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
19 views03:38
Ochish/sharhlash
2023-06-23 06:24:36
Месси ба Мбаппе маслиҳат додааст, ки ба “Реал” гузариш кунад

Ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси, ки чанде пеш тарки “ПСЖ” карда, ба дастаи “Интер Майами” гузариш кард ба ҳамдастааш Килиан Мбаппе маслиҳат додааст, то ба “Реал Мадрид” гузариш кунад.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
28 views03:24
Ochish/sharhlash
2023-06-22 16:02:12
Раҳматулло Фузайлов аз мақомаш истеъфо дод

Сармураббии мунтахаби то 17 солаи Тоҷикистон пас аз нокомӣ дар Ҷоми Осиё-2023 дар суҳбати мустақими барномаи “Баъд аз бозӣ”-и телевизиони “Варзиш” қайд кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
105 views13:02
Ochish/sharhlash
2023-06-22 15:09:11
Барои футболбозони тоҷик Ҷоми Осиё (U-17) ба анҷом расид

Ҳамин тавр, бо як мусовӣ бо Чин (1:1) ва ду бохт Арабистони Саудӣ (2:0) ва Австралия (2:0) бо як имтиёз футболбозони тоҷик натавистанд, ки аз марҳилаи гурӯҳӣ ба даври плей-офф роҳ ёбанд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
107 views12:09
Ochish/sharhlash
2023-06-22 14:58:24
Дастаи “Душанбе-2” - ғолиби мусобиқаи ба номи Геннадий Черевченко

Тими кӯдаконаи «Душанбе-2»-и пойтахт таҳти роҳбарии мураббӣ Парвиз Сайфуллоев ғолиби мусобиқаи анъанавии кӯдакон ба хотираи собиқ ҳимоятгари «Помир»-и Душанбе, устоди варзиши ИҶШС Геннадий Иванович Черевченко гардид.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
109 views11:58
Ochish/sharhlash
2023-06-22 14:29:12
Дар шаҳри Дубай сабқати "Лигаи ҷаҳонии шоҳмот" оғоз ёфт

Рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Дубай мусобиқаи олии Global Chess League - мусобиқа таҳти низоми муосир ва бо иштироки ҳайати ситоравӣ оғоз гардид. Дар мусобиқа шаш даста ширкат меварзанд, ки дар ду давр аз рӯи шоҳмоти барқвор (15+10) зидди ҳамдигар муқобилият нишон дода, ду шоҳмотбози қавитарин аз миёнашон дар бозии ниҳоӣ ба ҳам меоянд.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
110 views11:29
Ochish/sharhlash
2023-06-22 14:14:30
Екатерина Александрова ракеткаи 7-уми ҷаҳонро шикаст дод

Теннисбози рус Екатерина Александрова (дар рейтинги WTA 22-юм) дар бозии даври дуюми мусобиқаи WTA-500 дар шаҳри Берлини Олмон бар ракеткаи ҳафтуми ҷаҳон Кори Гауфф пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
111 views11:14
Ochish/sharhlash
2023-06-22 13:48:19
Начо ва Кроос бо “Реал Мадрид” тамдиди шартнома карданд

Дифоъгар Начо Фернандес ва ниммуҳофизатгар Тони Кроос бо бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” тамдиди шартнома карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Мадрид хабар додааст.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
111 views10:48
Ochish/sharhlash
2023-06-22 13:00:14
Эдин Ҷеко аз “Интер” ба “Фенербахче” гузариш кард

Ҳамлагари мунтахаби Босния ва Ҳертсоговина – Эдин Ҷеко аз дастаи “Интер” ба бошгоҳи “Фенербахче” гузариш кард. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Фенербахче” хабар додааст.


Манбаъ: Varzishtv.tj
Канал: @varzish_tv_news
117 views10:00
Ochish/sharhlash