Get Mystery Box with random crypto!

Ақидаи Имом Заҳаби дар боби сифот Тафвиз мебошад : Имом | Мазҳаби Ҳанафи

Ақидаи Имом Заҳаби дар боби сифот Тафвиз мебошад :

Имом Заҳабӣ (رحمه الله) дар масъалаи Сифоти Аллоҳ дар мазҳаби «Тафвиз» мазҳаби салафи солеҳ буд, дар ин маврид дар китоби «Сияру аъломин-нубало» тақрибан 10 қавл дорад, ки аз маъно ва тафсир намудани оёт ва аҳодиси сифот манъ мекунад, ва дар миёни ин қавлҳо 3 ё 4 қавл сароҳатан дорад, ки тафвизро мазҳаби салафи солеҳ дониста худро низ пайрави он мегӯяд.

Дар зери тарҷумаи ҳоли имом ибни Хузайма қавли Уро дар мавриди Истиво нақл намуда дар таълиқи он мегӯяд:

من أقر بذلك تصديقا لكتاب الله ، ولأحاديث رسول الله صلى الله عليه وسلم، وآمن به مفوضا معناه إلى الله ورسوله ، ولم يخض في التأويل ولا عمق ، فهو المسلم المتبع...

«Шахсе ин оятро иқрор намуда тасдиқ намояд барои Қуръон ва аҳодиси Расулуллоҳ ﷺ ва имон биёвараду маънои онро ба Худо ва Расулаш ﷺ тафвиз ҳавола намояд, ва дар таъвили он дохил нашуда чуқур наравад пас ин шахс мусалмони пайрав ба ҳақ аст»

Дар поёнтар мазҳаби салафи солеҳро баён намуда мегӯяд:

أما السلف فما خاضوا فى التأويل، بل آمنوا وكفوا، وفوضوا علم ذلك إلى الله ورسوله.

«Аммо салафи солеҳ дар таъвили аҳодиси сифот дохил нашуданд чуқур нарафтанд балки имон оварданду иктифо намуданд, ва илми маънои онҳоро ба суи Аллоҳ ва Паёмбараш ﷺ тафвиз ҳавола намуданд».

«Сияру Аъломи Нубало» 14/373 - 376 .дар #Имом_Заҳаби

Ба саҳифаи мо обуна шавед @alhanafiya ✓