Get Mystery Box with random crypto!

Ф У Т У В В А Т Н О М А Агар пурсанд, ки чун дӯсти ҳақиқӣ ба | ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ❁

Ф У Т У В В А Т Н О М А

Агар пурсанд, ки чун дӯсти ҳақиқӣ ба даст ояд, одоби ӯ чӣ гуна риоят тавон кард? Бигӯй: Бад-он навъ ки бо ӯ бист тариқ маръӣ доранд: Аввал, мол аз ӯ дареғ надоранд, агар ҳама мол натавон, боре он миқдор, ки бад-он раво шавад; Дуюм, рози вай бо касе нагӯянду дар миёни ҷон нигоҳ доранд; Сайюм, айби вай бипӯшанд аз халқ, на аз вай, балки бо вай бигӯянд, то ба тадоруки он машғул шавад; Чаҳорум, сухани вайро ба гӯши ҳуш бишнаванд; Панҷум, бар сухани вай эътироз накунанд ва айби он наҷӯянд; Шашум, вайро ба номи неку хитоб кунанд; Ҳафтум, некуии вайро шукр гӯянд; Ҳаштум, дар ғайби вай ҳифзулғайб маръӣ доранд; Нӯҳум, чун ба насиҳат ҳоҷат афтад, ба таъриз (сарбаста, киноя, гӯша задан) ва лутф гӯянд ва аз тасреҳу (ошкору ҳувайдо) унф (дуруштӣ) дур бошанд; Даҳум, хатоҳои вайро даргузоранду нодида ангоранд; Ёздаҳум, бори худ бар вай наафкананд; Дувоздаҳум, ба шодии вай шодӣ кунанд ва ба малоли вай малул бошанд; Сездаҳум, бар вай ба салом ибтидо кунанд; Чаҳордаҳум, ҳурмати вай ба навъе ки зиёдат аз он нашояд, ба ҷой оранд; Понздаҳум, дар миёни сухани вай сухан нагӯянд; Шонздаҳум, ба вай ҳамон писанданд, ки ба худ меписанданд; Ҳафдаҳум, вайро дар маҳалҳои солеҳ дуо кунанд ва барои вай дуо дархоҳанд; Ҳаждаҳум, дар маҷлис вайро тақдим кунанд ва ҷои наку биншонанд; Нуздаҳум, дар вақти мададкорӣ ҳимоят фурӯ нагузоранд; Бистум, бо душманони ӯ дӯстӣ наварзанд ва бо дӯстони ӯ душманӣ накунанд. Ва асл дар ин боб он аст, ки бо вай чунон маош кунанд, ки дӯст доранд, ки бо эшон маош бар он ваҷҳ воқеъ гардад ва яқин донанд, ки дар олам ҳеч саодате баробари ёри наку нест:

Эй дӯст, бирав, ба ҳар чӣ, дорӣ,
Ёре бихару ба ҳеч мафрӯш .

Пас дар одоби ёрӣ чандон ки метавон, мулоҳиза намуд, чунонки устод фармояд:

З-он ҳама, к-одоби накукорӣ аст,
Мояи аввал адаби ёрӣ аст
З-он ки дар офоқ зи барнову пир
Ҳеч кас аз ёр надорад гузир.

Манбаъ: Саҳифаи @fayzigelon

Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/tarbiyai_farzand