Get Mystery Box with random crypto!

Агар пурсанд, ки адаб бо падару модар чанд аст? Бигӯй: дувоз | ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ❁

Агар пурсанд, ки адаб бо падару модар чанд аст?

Бигӯй: дувоздаҳ:

Аввал он ки ҳурмати эшон ба воҷиб нигоҳ дорад;
Дуюм, ба моли дунё бо эшон музояқа (танггирӣ, худдорӣ) накунад;
Сайюм, ба мурооте, ки бо эшон кунад, миннат бад-эшон оид нагардонад;
Чаҳорум, тез дар рӯи эшон нанигарад;
Панҷум, чун бихонандаш, зуд иҷобат кунад;
Шашум, дар вақти мулоқоти эшон рӯй дарҳам накашад;
Ҳафтум, Ҳарчи фармоянд, ки дар он маъсийяте набошад, ба ҷой оварад;
Ҳаштум, дар сухан гуфтан бо эшон ё бо дигаре дар пеши эшон овоз баланд накунад;
Нӯҳум, бе дастурии эшон ба сафар наравад;
Даҳум, дар талаби ҳосил кардани хушнудии эшон бошад;
Ёздаҳум, тоати эшонро мӯҷиби наҷоти абад шиносад;
Дувоздаҳум, эҳсон бо эшон сонии ибодати Илоҳӣ донад, чунончи мефармояд:

“ وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا –

Ва қазо Раббука алло таъбуду илло ийёҳу ва бил волидайни иҳсоно...” (Ва ҳукм кард Парвардигори ту, ки парастиш накунед ҷуз ӯро ва ба падару модар некӣ кунед...) [Исро – 17, ояти 23]. Яъне Худойи ту ҳукм кардааст, ки мапарастед магар ӯро ва бо модару падар эҳсон кунед. Ва расул саллАллоҳу ъалайҳи ва олиҳи васаллам фармуда:

“ٱلْجَنَّةُ تَحْتَ أَقْدٰامِ ٱلْأُمِهّٰتِ –

Ал-ҷаннату таҳта иқдомил умиҳҳоти”. Яъне биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст. Ҳосил он ки ба равзаи ризвон бе ризои эшон натавон расид.

Байт:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Андар таҳи пои модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои Ҳақ биёбӣ,
Он кун, ки ризои модарон аст.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ.

Манбаъ: Саҳифаи @fayzigelon

Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/tarbiyai_farzand